https://sputnik.tj/20210207/Toshkand-prezident-Qirgizistonro-Uzbekiston-1032775297.html
Тошканд президенти тозаинтихоби Қирғизистонро ба Ӯзбекистон даъват кард
Тошканд президенти тозаинтихоби Қирғизистонро ба Ӯзбекистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Қирғизистон гуфт, ки кишвар "муносибатҳои барқароршудаи воқеан бародаронаро, ки ба эътимоди тарафайн асос ёфтаанд, қадр мекунад ва омодааст шарикии... 07.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-07T10:00+0500
2021-02-07T10:00+0500
2021-04-12T19:32+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
сиёсат
ӯзбекистон
даъват
ҳамкорӣ
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032673582_0:0:2963:1668_1920x0_80_0_0_6bc74083181ff8b44372eb994aa9c053.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов Президенти нави Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои боздид аз ин кишвар даъват кард.Дар ин бора РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон иттилоъ додааст.Қаблан роҳбари он Улукбек Марипов ҳангоми сафари корӣ ба Алмаато бо Арипов дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё мулоқот карда буд.Ҷонибҳо "доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, обу энергетикӣ ва нақлиёт",- баррасӣ карданд."Дар мулоқот cарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов даъватномаро ба президенти Қирғизистон барои ташриф ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон расонид", - гуфтаанд дар хадамоти матбуот.Ҳарду кишвар инчунин омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, зарурати тақвияти корҳоро барои ба анҷом расонидани бақайдгирии қонунии қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Узбекистон таъкид карданд.Дар ҳоли ҳозир, тақрибан 92% дарозии марз муаян буда, 85% ба созишномаи асосии делимитатсия дохил карда шудааст.Тақрибан даҳ қитъа то ҳол баҳснок боқӣ мондаанд, зеро ҳеҷ кадоме аз тарафҳо дар бораи табодули воҳидҳои ҳудудӣ байни худ суҳбат намекунанд.
https://sputnik.tj/20210130/jabborov-aksoy-vazifagir-istifoda-qirgiziston-1032723978.html
ӯзбекистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032673582_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fdcddaa9da428c102c3be722aa79a2c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, сиёсат , ӯзбекистон, даъват, ҳамкорӣ, қирғизистон
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, сиёсат , ӯзбекистон, даъват, ҳамкорӣ, қирғизистон
Тошканд президенти тозаинтихоби Қирғизистонро ба Ӯзбекистон даъват кард
10:00 07.02.2021 (Навсозишуда: 19:32 12.04.2021) Ҳукумати Қирғизистон гуфт, ки кишвар "муносибатҳои барқароршудаи воқеан бародаронаро, ки ба эътимоди тарафайн асос ёфтаанд, қадр мекунад ва омодааст шарикии стратегиро бо Ӯзбекистон минбаъд низ фаъолона рушд диҳад".
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов Президенти нави Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои боздид аз ин кишвар даъват кард.
Дар ин бора РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон иттилоъ додааст.
Қаблан роҳбари он Улукбек Марипов ҳангоми сафари корӣ ба Алмаато бо Арипов дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё мулоқот карда буд.
Ҷонибҳо "доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, обу энергетикӣ ва нақлиёт",- баррасӣ карданд.
"Дар мулоқот cарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов даъватномаро ба президенти Қирғизистон барои ташриф ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон расонид", - гуфтаанд дар хадамоти матбуот.
Ҳарду кишвар инчунин омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, зарурати тақвияти корҳоро барои ба анҷом расонидани бақайдгирии қонунии қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Узбекистон таъкид карданд.
Дар ҳоли ҳозир, тақрибан 92% дарозии марз муаян буда, 85% ба созишномаи асосии делимитатсия дохил карда шудааст.
Тақрибан даҳ қитъа то ҳол баҳснок боқӣ мондаанд, зеро ҳеҷ кадоме аз тарафҳо дар бораи табодули воҳидҳои ҳудудӣ байни худ суҳбат намекунанд.