ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар саҳифааш дар Instagram ҳодисаи истифодаи аксҳои ӯро барои гирифтани вазифа ё ҳалли масъала, шаҳр дод.
Кишвардор нақл кард, ки аз 6 октябр инҷониб бо ҳазорон одамон акс гирифтааст.
"Махсусан моҳи октябр, вақте мардум барои расидагӣ кардан ба коре назди ман меомаданд, хоҳиш мекарданд, ки акси якҷоя гиранд. Ман наметавонистам рад кунам. Дар давраи интихоботӣ низ маро бо ҳазорон одамон аксбардорӣ карданд, росташ бо 99 дарсади онҳо ман ошно нестам", - изҳор дошт Ҷабборов.
Ӯ қайд кард, шаҳрвандоне, ки аксҳои якҷояро ба мақсади ҳалли коре истифода мекунанд, "рӯи об" бароварда мешаванд.
"Ман мехоҳам бигӯям, онҳое, ки аксҳои маро барои гирифтани вазифа ё ҳалли корашон истифода мекунанд, шиносоӣ мешаванд. Нагузоред, ки шуморо бо нишон додани акси ман фиреб диҳанд. Дарҳол аз чунин ҳодисот ба мо хабар диҳед ва мо онҳоро ҷазо хоҳем дод", - навиштааст президент.
Ёдрас мешавем, ки Содир Ҷабборов аз 28 январи соли равон қудратро ба даст гирифт.