Дар деҳоти Тоҷикистон биноҳои панҷошёна месозанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗаместитель мэра Душанбе Махмадсаид Зубайдзода
Заместитель мэра Душанбе Махмадсаид Зубайдзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Бо далели ботадриҷ зиёд шудани аҳолӣ дар деҳотҷойҳои Тоҷикистон норасоии замини наздиҳавлигӣ ҳис мешавад. Барои ҳамин тавсия додаанд, ки манзилҳои аз ду то панҷошёна сохта шавад
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба сокинони деҳотҷойҳо тавсия дода мешавад, ки манзилҳои ду то панҷошёна созанд. Дар ин бора Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои сардори кумита Маҳмадсаид Зубайдзода, дар ҷумҳурӣ дастури ҳукумат аз соли 2018 амал мекунад, ки мувофиқи он бояд дар деҳотҳо ба сохтмони манзилҳои ду ҳатто сеошёна афзалият дода шавад.
Солнечная печь, которого используют жители Бартанга для разогрева воды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2020
Ба деҳоти Бартанги боло бори аввал нерӯи барқ расид
Сабаби ин иқдоми ҳукумат дар он будааст, ки дар кишвар ботадриҷ аҳолӣ зиёд мешавад, норасоии замин бошад то рафт бештар ҳис мегардад.
Ба гуфтаи Зубайдзода, ин тавсия нисбати он шаҳрвандоне амалӣ карда мешаванд, ки биноҳои нави истиқоматӣ месозанд.
Афзун бар ин, Кумитаи меъморӣ гуфтааст, ки ниҳод лоиҳаи ингуна сохтмонҳоро коркард кардаас ва сокинони ҳамаи минтақаҳо метавонанд аз он истифода кунанд.
Ҳамин тавр, бино бар иттилои ниҳод, феълан аз 65 нақшаи кулли ноҳияҳои Тоҷикистон 64-тоаш тасдиқ шудааст.
"Бояд нақшаи кулли ноҳияи Данғараро коркард кард. Он ба наздикӣ ба итмом расида, барои санҷиш ба Ҳукумати кишвар ирсол карда мешавад", - изҳор дошт раис.
Мувофиқи нақша, дар марказҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳо сохтани баланошёнаҳои аз 5 табақа боло иҷозат дода намешавад. 
Афзун бар ин, хабар дода мешавад, ки дар тамоми ноҳияҳо низоми обтаъминкунӣ ва ташноб коркард ва тартиб дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0