Ба деҳоти Бартанги боло бори аввал нерӯи барқ расид

© © фото предоставил Саидмамад ГуломшоевСолнечная печь, которого используют жители Бартанга для разогрева воды
Солнечная печь, которого используют жители Бартанга для разогрева воды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, 13 ноябри соли 2020 неругоҳи обии барқии Хатфат бо иқтидори 450 киловат соат мавриди истифода қарор гирифта, бори аввал сокинони водии Бартанги болоро бо барқ таъмин намуд

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, нерӯгоҳ бо маблағгузории 11 миллиону 805 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Рошорви Ҷамоати деҳоти Савноб сохта ба истифода дода шуд.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳ гуфт, татбиқи лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии барқии Хатфат бо иқтидори 450 квт/с, бунёди 5 адад зеристгоҳи барқӣ ва хати интиқол дар масофаи 1 километр барои дастгирии мардуми куҳистон нигаронида шудааст.

Таъкид гардид, ки нерӯгоҳ имконият фароҳам меорад, ки сокинони деҳаи Рошорви деҳоти Савноб дар маҷмӯъ 198 хоҷагӣ иборат аз 939 нафар аҳолӣ аввалин бор, дар солҳои истиқлолият, инчунин деҳаҳои Нисур, Барчидив, Савноб, Япшорв ва дигарҳо бо нерӯи барқи хушсифат таъмин карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0