https://sputnik.tj/20210203/Zheenbekov-dodgoh-davat-1032750935.html
Ҷазо медиҳанд? Жээнбековро, ки фавран тарки Қирғизистон кардааст, ба додгоҳ хонданд
Ҷазо медиҳанд? Жээнбековро, ки фавран тарки Қирғизистон кардааст, ба додгоҳ хонданд
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ кишвардори Қирғизистон, Сооронбой Жээнбеков ҳамроҳ бо ҳамсари худ ба хотири ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафт 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T12:56+0500
2021-02-03T12:56+0500
2021-08-10T14:43+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
сиёсат
сооронбой жээнбеков
даъват
қирғизистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103146/21/1031462171_0:0:1951:1105_1920x0_80_0_0_99ef907ef1c7583b4086543102c1d397.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Кишвардори собиқи Қирғизистон имрӯз ба додгоҳ даъват шудааст, вале ӯ рӯзи гузашта ҳамроҳ бо ҳамсари худ озими Туркия шуд.Додгоҳи шаҳри Бишкек хабар дод, Жээнбеков имрӯз ба ҳайси шоҳид бояд дар баррасии парвандаи собиқ муовини сарвазир, Дуйшенбек Зилалиев иштирок кунад.Мурофиаи собиқ мансабдор, имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек соати 13:00 таъйин шуда буд.Қаблан ҳомии ҳуқуқи Зилалиев аз додгоҳ дархост карда буд, ки аснои баррасии парванда собиқ кишвардор низ даъват карда шавад.Зеро замоне, ки Зилалиев боздошт шуд, ӯ иқрор намуд, ки наздики 1 миллион долларе, ки тобистони соли 2018 аз ячейкаи "Оптима Бонк" мусодира шудааст, аз соҳибкорон барои таблиғоти маъракаи пешазинтихоботии Жээнбеков ҷамъоварӣ шуд.Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шудОн замон, пас аз боздошти собиқ муовини сарвазир, Жээнбековро мавриди бозпурсӣ қарор надоданд, зеро аллакай дар интихобот пирӯз шуд ва расман кишвардори Қирғизистон буд.Дар ҳамин ҳол, вакили Сооронбой Жээнбеков, Ҷиргалбек Бобоев мегӯяд, ҳамаи иттиҳомот алайҳи собиқ кишвардор тӯҳмат мебошанд ва худи ӯ ба ҳамин қазия рабте надорад.Ёдовар мешавем, 4 октябри соли 2020 дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки бисёриҳо дар ҷумҳурӣ онро ғайримунсиф шумурданд.Дар кишвар ошӯбҳо шурӯъ шуданд, ки дар ниҳоят боиси тағйири қудрат дар кишвар гардид.Сооронбай Жээнбеков пас аз бетартибиҳо истеъфо дод ва дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Садир Ҷабборов пирӯз омад.
https://sputnik.tj/20210202/Zheenbekov-prezident-Qirgiziston-1032746171.html
https://sputnik.tj/20201020/Zheenbekov-az-tars-istefo-dod-avobi-oparov-1032122980.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103146/21/1031462171_0:0:1951:1227_1920x0_80_0_0_c7690fbbe2b75ba9cbc98591b8d84dfd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, сиёсат , сооронбой жээнбеков, даъват, қирғизистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, сиёсат , сооронбой жээнбеков, даъват, қирғизистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Ҷазо медиҳанд? Жээнбековро, ки фавран тарки Қирғизистон кардааст, ба додгоҳ хонданд
12:56 03.02.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Собиқ кишвардори Қирғизистон, Сооронбой Жээнбеков ҳамроҳ бо ҳамсари худ ба хотири ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафт
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Кишвардори собиқи Қирғизистон имрӯз ба додгоҳ даъват шудааст, вале ӯ рӯзи гузашта ҳамроҳ бо ҳамсари худ озими Туркия шуд.
Додгоҳи шаҳри Бишкек хабар дод, Жээнбеков имрӯз ба ҳайси шоҳид бояд дар баррасии парвандаи собиқ муовини сарвазир, Дуйшенбек Зилалиев иштирок кунад.
Мурофиаи собиқ мансабдор, имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек соати 13:00 таъйин шуда буд.
Қаблан ҳомии ҳуқуқи Зилалиев аз додгоҳ дархост карда буд, ки аснои баррасии парванда собиқ кишвардор низ даъват карда шавад.
Зеро замоне, ки Зилалиев боздошт шуд, ӯ иқрор намуд, ки наздики 1 миллион долларе, ки тобистони соли 2018 аз ячейкаи "Оптима Бонк" мусодира шудааст, аз соҳибкорон барои таблиғоти маъракаи пешазинтихоботии Жээнбеков ҷамъоварӣ шуд.
Он замон, пас аз боздошти собиқ муовини сарвазир, Жээнбековро мавриди бозпурсӣ қарор надоданд, зеро аллакай дар интихобот пирӯз шуд ва расман кишвардори Қирғизистон буд.
Дар ҳамин ҳол, вакили Сооронбой Жээнбеков, Ҷиргалбек Бобоев мегӯяд, ҳамаи иттиҳомот алайҳи собиқ кишвардор тӯҳмат мебошанд ва худи ӯ ба ҳамин қазия рабте надорад.
Ёдовар мешавем, 4 октябри соли 2020 дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки бисёриҳо дар ҷумҳурӣ онро ғайримунсиф шумурданд.
Дар кишвар ошӯбҳо шурӯъ шуданд, ки дар ниҳоят боиси тағйири қудрат дар кишвар гардид.
Сооронбай Жээнбеков пас аз бетартибиҳо истеъфо дод ва дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Садир Ҷабборов пирӯз омад.