https://sputnik.tj/20210202/Zheenbekov-prezident-Qirgiziston-1032746171.html
Жээнбеков шитобон ҳамроҳи оилааш тарки Қирғизистон кард
Жээнбеков шитобон ҳамроҳи оилааш тарки Қирғизистон кард
Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки чаро президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки қаблан ба бозпурсӣ даъват шуда буд, бо ҳамроҳии оилааш кишварро тарк кард 02.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-02T16:25+0500
2021-02-02T16:25+0500
2021-04-12T14:13+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
қирғизистон
сооронбой жээнбеков
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/11/1030781141_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_6179cefb4431d940e41e3de542b2aaf0.jpg
ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Сабаби аз ин кишвар рафтани президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков эълон шуд. Tengrinews дар ин бора бо истинод ба адвокати сиёсатмадор Ҷиргалбек Бобоев менависад.Субҳи имрӯз дақиқ шуд, ки собиқ сарвари давлат Қирғизистонро тарк намуда, аз фурудгоҳи байналмилалии Манас ба Истамбул рафтааст. Гуфта мешавад, ӯ аз як шаҳри Туркия қасд дорад ба Арабистони Саудӣ парвоз кунад.Ба гуфтаи ӯ, вуруд ба кишвар бинобар пандемияи коронавирус маҳдуд буд ва сафар ба Арабистони Саудӣ танҳо бо даъватномаҳои расмӣ имконпазир буд.Адвокати сиёсатмадор илова кард, ки ҳаҷи хурд беш аз 10 рӯз давом мекунад ва сипас президенти собиқи Қирғизистон ба Бишкек бармегардад.Чанде пеш маълум шуд, ки Сооронбой Жээнбеков ба додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек даъват шудааст, то дар парвандаи собиқ муовини сарвазир Дуйшенбек Зилалиев шаҳодат диҳад.Ғайр аз он, иштирокчиёни рӯйдодҳои октябр дархост карданд, ки Жээнбеков ба ҷавобгарии ҷиноятӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кашида шавад.Онҳо боварӣ доранд, ки президенти собиқ ҳақ надошт, ки фармони пароканда кардани гирдиҳамоии 5 октябрро содир кунад.Ёдовар мешавем, 4 октябри соли 2020 дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки бисёриҳо дар ҷумҳурӣ онро ғайримунсиф шумурданд.Дар кишвар ошӯбҳо шурӯъ шуданд, ки дар ниҳоят боиси тағйири қудрат дар кишвар гардид - Сооронбай Жээнбеков, ки пеш аз интихобот вазифаи сарвари давлатро ишғол мекард, истеъфо дод.Мансаби иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистонро сарвазир Содир Ҷабборов, ки пеш аз ошӯб 11 сол ҳукм гирифта буд, гирифт.Содир Ҷабборов расман президенти Қирғизистон шудИнтизор меравад, ки дар ин кишвар интихоботи такрорӣ ба Жогорку Кеңеш баргузор мешавад ва интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ рӯзи 10 январ баргузор шуд, ки дар он Ҷабборов пирӯз гашт.
https://sputnik.tj/20201016/Sooronboy-zheenbekov-istefo-dod-vakilon-qarsak-zadand-1032100629.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/11/1030781141_177:0:898:541_1920x0_80_0_0_e1cdc2fa7a26095b4634212700d37f70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, қирғизистон, сооронбой жээнбеков, президент
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, қирғизистон, сооронбой жээнбеков, президент
Жээнбеков шитобон ҳамроҳи оилааш тарки Қирғизистон кард
16:25 02.02.2021 (Навсозишуда: 14:13 12.04.2021) Маълум шуд, ки чаро президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки қаблан ба бозпурсӣ даъват шуда буд, бо ҳамроҳии оилааш кишварро тарк кард
ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Сабаби аз ин кишвар рафтани президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков эълон шуд.
Tengrinews дар ин бора бо истинод ба адвокати сиёсатмадор Ҷиргалбек Бобоев менависад.
Субҳи имрӯз дақиқ шуд, ки собиқ сарвари давлат Қирғизистонро тарк намуда, аз фурудгоҳи байналмилалии Манас ба Истамбул рафтааст. Гуфта мешавад, ӯ аз як шаҳри Туркия қасд дорад ба Арабистони Саудӣ парвоз кунад.
"Сооронбой Жээнбеков барои адои маросими ҳаҷи хурд - Умра ба Макка парвоз кард. Президенти собиқ ин сафарро бо даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад ва онро аз моҳи ноябри соли 2020 ба нақша гирифтааст", - гуфт Бабаев.
Ба гуфтаи ӯ, вуруд ба кишвар бинобар пандемияи коронавирус маҳдуд буд ва сафар ба Арабистони Саудӣ танҳо бо даъватномаҳои расмӣ имконпазир буд.
Адвокати сиёсатмадор илова кард, ки ҳаҷи хурд беш аз 10 рӯз давом мекунад ва сипас президенти собиқи Қирғизистон ба Бишкек бармегардад.
Чанде пеш маълум шуд, ки Сооронбой Жээнбеков ба додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек даъват шудааст, то дар парвандаи собиқ муовини сарвазир Дуйшенбек Зилалиев шаҳодат диҳад.
Ғайр аз он, иштирокчиёни рӯйдодҳои октябр дархост карданд, ки Жээнбеков ба ҷавобгарии ҷиноятӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кашида шавад.
Онҳо боварӣ доранд, ки президенти собиқ ҳақ надошт, ки фармони пароканда кардани гирдиҳамоии 5 октябрро содир кунад.
Ёдовар мешавем, 4 октябри соли 2020 дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки бисёриҳо дар ҷумҳурӣ онро ғайримунсиф шумурданд.
Дар кишвар ошӯбҳо шурӯъ шуданд, ки дар ниҳоят боиси тағйири қудрат дар кишвар гардид - Сооронбай Жээнбеков, ки пеш аз интихобот вазифаи сарвари давлатро ишғол мекард, истеъфо дод.
Мансаби иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистонро сарвазир Содир Ҷабборов, ки пеш аз ошӯб 11 сол ҳукм гирифта буд, гирифт.
Интизор меравад, ки дар ин кишвар интихоботи такрорӣ ба Жогорку Кеңеш баргузор мешавад ва интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ рӯзи 10 январ баргузор шуд, ки дар он Ҷабборов пирӯз гашт.