https://sputnik.tj/20210201/Maydon-Mujassama-yodgori-shahidoni-JBV-bozsozi--1032742322.html
Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 бозсозӣ мешавад
Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 бозсозӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон доштааст, ки бо мақсади фароҳам овардани истироҳату фароғат барои шаҳрвандон ва обод намудани як гӯшаи сераҳолии шаҳри Хуҷанд... 01.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-01T21:00+0500
2021-02-01T21:00+0500
2021-04-22T16:55+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
бозсозӣ
ҷбв
муҷассама
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101331/70/1013317088_0:1294:1341:2048_1920x0_80_0_0_0a80101b2b286eeca63c048c3a23e9a5.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо лоиҳаҳои тахиягардида бозсозии ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр ошно гардиданд.Раҷаббой Аҳмадзода, зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти пешниҳодшуда, таъкид намуд, ки шаҳри Хуҷанд бояд симои нав дошта бошад.“Амалӣ шудани иқдоми мазкур бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ шаҳри бостонии Хуҷандро “Тирози ҷаҳон”-и воқеъӣ мубаддал хоҳад гардонд”, - қайд кардааст Аҳмадзода.Ҳамзамон зикр гардидааст, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳрсозӣ бо такмили лоиҳа бо назардошти васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии атроф, зеббахшии биноҳои баландошёнаи истиқоматию хизматрасонӣ, кабудизоркунии муҳити атроф ва ғайраҳо супоришҳои мушаххас дод.Манбаъ таъкид доштааст, ки тайи солҳои охир симои шаҳри Хуҷанд дигаргун шуда, дар ояндаи наздик низ бо заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси ин шаҳри куҳан амалҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вусъати тоза касб хоҳад намуд.
https://sputnik.tj/20200718/Makomoti-Sugd-guft-chi-guna-Kalai-Khujand-bozsoz-meshavad--1031594658.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101331/70/1013317088_0:1042:1341:2048_1920x0_80_0_0_42f8a9495ab0b56fa09993137cb8a841.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бозсозӣ, ҷбв, муҷассама, хуҷанд
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бозсозӣ, ҷбв, муҷассама, хуҷанд
Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 бозсозӣ мешавад
21:00 01.02.2021 (Навсозишуда: 16:55 22.04.2021) Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон доштааст, ки бо мақсади фароҳам овардани истироҳату фароғат барои шаҳрвандон ва обод намудани як гӯшаи сераҳолии шаҳри Хуҷанд Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 бозсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо лоиҳаҳои тахиягардида бозсозии ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр ошно гардиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти пешниҳодшуда, таъкид намуд, ки шаҳри Хуҷанд бояд симои нав дошта бошад.
“Амалӣ шудани иқдоми мазкур бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ шаҳри бостонии Хуҷандро “Тирози ҷаҳон”-и воқеъӣ мубаддал хоҳад гардонд”, - қайд кардааст Аҳмадзода.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳрсозӣ бо такмили лоиҳа бо назардошти васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии атроф, зеббахшии биноҳои баландошёнаи истиқоматию хизматрасонӣ, кабудизоркунии муҳити атроф ва ғайраҳо супоришҳои мушаххас дод.
Манбаъ таъкид доштааст, ки тайи солҳои охир симои шаҳри Хуҷанд дигаргун шуда, дар ояндаи наздик низ бо заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси ин шаҳри куҳан амалҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вусъати тоза касб хоҳад намуд.