Мақомоти Суғд гуфт чӣ гуна “Қалъаи Хуҷанд” бозсозӣ мешавад

Обуна шудан
Ахиран раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои азнавсозии Маҷмааи “Қалъаи Хуҷанд” аз наздик шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки зимни таҷдиду азнавсозӣ аҳамияти таърихӣ ва қадимии “Қалъаи Хуҷанд” нигоҳ дошта шавад ва ҳамзамон барои осеб нарасидани моли таърих чораҳо андешида шаванд.

В мавзолее Камолу Худжанди в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Марҳамат ба Хуҷанд: дар Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» шуъбаи сайёҳӣ ташкил шуд

Гуфта шудааст, ки  олимон, муаррихон, адибон ва масъулини сохтмони қалъа доир ба вазъи омодагии корҳои азнавсозӣ ба Раиси вилоят маълумоту машварат доданд.

Раиси вилояти Суғд ба муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дастур дод, ки назорати корҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шавад ва кори муназзами сохтмончиён роҳандозӣ гардад.

Раиси вилоят қайд таъкид доштааст, ки зимни азнавсозии қалъа бозори қадима, маҳаллаи ҳунармандон, наврӯзгоҳ, зиндон, ғор, саисхона, чойхона, манораҳо, хонаи пазироии ҳоким ва дигар арконҳои он ба назари эътибор гирифта шавад.

Гуфта шудааст, ки сохтмони ин иншоот метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд.

Лентаи хабарҳо
0