ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Муаллими фанни химияи Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Азизбек Зумратов ғолиби озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020" дониста шуд, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.
Раиси ҳайати ҳакамони озмун Манзура Мадатзода изҳор дошт, ки тибқи талаботи низомнома, доварон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии ҳар довталабро таҳлил намуда, баҳо гузоштанд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар шарт миёни иштирокдорон муҳокима гардида, андешаи онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд.
"Ҷойи дуюмро омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова, ҷойи сеюмро омӯзгори фанни географияи Мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода ва омӯзгори забони англисии литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова ба даст оварданд", - омадааст дар хабарнома.
Омӯзгорони пирӯз бо туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин омӯзгори забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав, Тоҳирҷон Холиқов барои иштироки фаъолона дар озмун бо Ифтихорномаи Вазорати маориф қадрдонӣ гардид.
Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ҳамеша омода аст омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадрдонӣ намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ намуда, дар дарсҳо маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд.
Мавсуф зикр кард, ки вобаста ба истифодаи роҳу усулҳои муосири таълим дар рӯзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ мақолаҳо ба табъ расонанд ва ба ин васила, дар беҳтар гардонидани сифати таҳсил, баланд бардоштани дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ саҳми босазо гузоранд.