ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, Азизбек Зумратов, омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол” дониста шуд.
Ҳамчунин, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода ғолиби даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол” ва хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин ғолиби даври шаҳрии озмуни “Хонандаи сол” дониста шуданд.
Гуфта шудааст, ки дар даври ноҳиявии озмуни "Омӯзгори сол-2020" аз 13 фанни таълимӣ, аз ҷумла синфҳои ибтидоӣ, таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, технология (таълими меҳнат) дар ноҳияи Сино 263 нафар, И.Сомонӣ 162 нафар, Шоҳмансур 253 нафар, Фирдавсӣ 175 нафар, дар маҷмӯъ 853 нафар омӯзгор, дар озмуни “Хонандаи сол-2020” дар ноҳияи Сино 27 нафар, Шоҳмансур 22 нафар, И.Сомонӣ 20 нафар, Фирдавсӣ 21 нафар, дар маҷмӯъ 90 нафар хонанда ва дар озмуни “Мураббии сол-2020” дар ноҳияи И.Сомонӣ 9 нафар, Шоҳмансур 9 нафар, Фирдавсӣ 11 нафар ва Сино 26 нафар, дар маҷмӯъ 55 нафар мураббӣ иштирок намуданд.
Қайд карда шуааст, ки ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Мураббии сол-2020” —Шаҳло Неъматзода, “Омӯзгори сол”- Азизбек Зумратов ва “Хонандаи сол — 2020” —Сумая Абдулфаёзиддин барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.