ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Бо таъйиди ин хабар манобеъ аз РВКД дар вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин зани 30-сола (номи ин зан ба хотири ҳифзи шаъну эътибораш нашр карда намешавад), сокини шаҳри Истаравшан дар он хусус ҷавобгар дониста мешавад, ки барои гирифтани таълими ҳатмии фарзандаш, писарчаи 10-сола, хонандаи синфи 3 аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 2020 монеъ шудааст.
"Нисбати ин зан санаи 11 январи соли ҷорӣ бо аломати моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон дар шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, айни ҳол тафтишот идома дорад", - гуфт манбаъ аз РВКД ба Sputnik Тоҷикистон.
Моддаи 164-и Кодекси ҷиноӣ, барои монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии асосӣ, яъне 9-сола ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бино ба иттилои расмӣ, давоми соли 2020, 29 парванда бо чунин модда нисбати волидони хонандаҳои мактаб дар шаҳру навоҳии Суғд боз карда шудааст.
Парванда алайҳи зани 30-солаи Истаравшан, 30-юмин ҳолат давоми як солу 11 рӯзи охир дар Суғд, шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар гузашта ҳам мақомот дар бораи даҳҳо парвандаи волидон дар баррасии судҳо иттилоъ медоданд.
Масъулони комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар дар бораи парҳез аз кору заҳмати сангини атфол таъкид намуда, мегӯянд, ки бояд шароити мусоид аз сӯи волидон барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам шавад.
Маркази бозиҳои компютерӣ ба ҷои мактаб: боздошти беш аз 25 ноболиғу ҷавон дар Ҳисор
Аммо иддае аз ҷомеашиносон меӯянд, мушкили шароити иқтисодӣ низ ҳаст, ки баъзеи наврасон худсарона ба корҳои сахти ҷисмонӣ машғул шуда, шавқи бештари таҳсил кардан дар мактабро надоштаанд.
Тибқи муқаррароти қонуни Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, гаштугузори ноболиғон дар фасли зимистон баъд аз соати 20 ва дар фасли баҳор аз соати баъд аз 22-и шаб манъ аст.
Дар ҳоли ҷой доштани чунин ҳолатҳо нисбати волидони ноболиғон бар тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронии маъмурӣ санади ҷаримавӣ татбиқ карда мешавад.
Ин моддаи қонун ё огоҳӣ ва ё ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 174 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ мекунад.
РВКД дар вилояти Суғд чанде пеш дар бораи парвандаҳои маъмурии 1837 волидон бар тибқи моддаи 90 -и (беназорат гузоштани фарзандони ноболиғ дар вақти муқаррарнамудаи қонун) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хабар дода, шарҳ дода буд, ки дар 948 ҳолати ин парвандаҳо ҷарима татбиқ шуда, 749 нафар огоҳӣ гирифта, 136 парвандаи дигар дар баррасии судҳо қарор дорад.
Раёсати маорифи Суғд мегӯяд, соли таҳсили 2020 - 2021 дар бештар аз 930 муассисаҳои таҳсилоти умумии мавҷудбудаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, беш аз 548 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин рақам назар ба соли таҳсили қаблӣ ҳудуди 15 ҳазор хонанда зиёд гуфта мешавад.