Мурофиаи додгоҳии волидон дар литсейи №1-и Душанбе барои телефони фарзандон

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ волидони хонандаҳои синфи 10-и литсейи рақами 1-и шаҳри Душанберо барои ба дарс бо телефон ҳозир шудани фарзандонашон ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik.  Ғайрат Сангинзода, раиси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мурофиаи ошкорои сайёри судиро дар литсейи №1 ба номи Ниёз Сафар гузаронд, хабар дод котиботи додгоҳ.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати вазорати корхо дохилии Тоҷикстон дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии генерал Навҷувонов аз мухолифати волидон дар Суғд барои илмомӯзии фарзандон

Ба иттилои манбаъ, маълум шудаст, ки 18 феврали соли 2020 хонандагони синфи 10 “А”-и литсейи №1 бо худ ба мактаб телефони мобилӣ бурда ва аз он истифода кардаанд.

Барои истифодаи телефон аз ҷониби хонандагон, додситонии шаҳри Душанбе барои риоя нагардидани талаботи моддаи 8 сархати 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз кардааст.

"Мутобиқи моддаи 8 сархати 11-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” - падару модар уҳдадоранд ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд", - таъкид намудаст додгоҳ.

Синаро сипар карданд: чаро занон дар Осиёи Марказӣ бараҳнагиро нишони озодӣ медонанд?

Додрас волидонро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбаташон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 174 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст.

Лентаи хабарҳо
0