Импичменти Трампу савгандёдкунии Байден: дар Вашингтон чӣ мегузарад - видео

Обуна шудан
Маҷлиси Намояндагони ИМА барои эълони импичмент ба президент Доналд Трамп дар бораи нооромиҳо дар Капитолия овоз дод, дар ҳоле ки омодагӣ ба маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар авҷ аст. Навори он чи дар Вашингтон мегузарад, ин ҷо бубинед

Доналд Трамп нахустин президенти ИМА дар таърих шуд, ки дар тӯли раҳбарии ӯ ду маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Палатаи намояндагони Конгресси ИМА қатъномаи импичмент эълон кардани президенти кунунии кишварро тасдиқ кард ва ӯро ба "таҳрик додани ҳамла" ба бинои Капитолия, ки рӯзи чоршанбеи 6 январ рух дод, муттаҳам кард.

Избранный президент Билл Клинтон и певец Чак Берри во время гала-вечера в Capital Center в Ландовере - Sputnik Тоҷикистон
Маросими савгандёдкунии раисҷумҳурони ИМА: аз Рейган то Трамп

Матни қатъномаи импичмент рӯзи душанбе интишор ёфт ва пас аз ду рӯз ба он ҳама демократҳо ва даҳ ҷумҳурихоҳ раъй доданд. 232 нафар ба ҷонибдории импичми президенти феълии ИМА овоз доданд, 197 нафар зидди он.

Раҳбари аксарият ҷумҳурихоҳон Митч МакКонелл гуфт, ки Сенат ин иттиҳомро пас аз савгандёдкунии Ҷо Байден пас аз 20 январ баррасӣ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, дар Вашингтон омодагӣ ба маросими савгандёдкунии Байден идома дорад.

Коргарон саҳна ва манзараҳои чорабиниро васл мекунанд ва амнияти атрофи бино зиёд карда мешавад: онҳо деворҳо сохта, роҳҳоро мебанданд, полис ва посбонони миллӣ даромадгоҳро муҳофизат мекунанд.

Пас аз ҳамлаи Капитолияи ИМА аз ҷониби тарафдорони Трамп ҳафтаи гузашта ФБР дар бораи тазоҳуроти мусаллаҳона дар Вашингтон дар арафаи савганд ҳушдор дод.

Трамп қисман гуноҳашро барои авҷи бетартибиҳо дар Амрико бар ӯҳда гирифт

Бино ба гузоришҳо, Гвардияи Миллӣро барои таҳкими амният 20-уми январ ба ноҳияи Колумбия мефиристад.

Лентаи хабарҳо
0