ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik, Петр Акопов. Қисми қудратмандоне, ки ақидаҳои глобалистӣ, доранд ва Трампи миллатгароро дар интихобот шикаст доданд, мехоҳанд вақти аз дастдодаро дар арсаи байналмилалӣ ҷуброн намоянд. Онҳо кӯшиш доранд, диққати мардуми Амрикоро аз мушкилоти дохилӣ ба мушкилоти беруна ҷалб намоянд.
Дар вақтҳои охир чунин пешгӯиҳо дар Русия зиёдтар шунида мешавад.
Ҳамаи ин пешгӯиҳо аз он бармеоянд, ки Амрико на танҳо як кишвари абарқудрат, балки як гегемони ҷаҳонист, ки ҳоло рақибе надорад ва ҳама ҳар як мушкилот дар ин кишвар ба тамоми ҷаҳон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Гарчанде бӯҳрони имрӯза дар Амрико ба нафъи мо бошад ҳам, аммо ин ҷои чандон шодӣ нест. Мо бояд ба озмоишҳои нав омода бошем – чун ҳамлаҳо аз ҳар тараф ба кишвари мо идома хоҳанд ёфт.
Ин мавқеъ пас аз пирӯзии Трамп ва "ҳамла ба Капитолия" авҷ гирифт: даҳшат, Амрико аввал раҳбарии ҷаҳониро аз даст доду, сипас ҳамчун муҳофизи демократия дар тамоми ҷаҳон дониста намешавад ва худи ин кишвар ба бетартибиҳо гирифтор шуд! Ҳоло кӣ сулҳро дар тамоми ҷаҳон нигоҳ медораду инсониятро бо роҳи ҷаҳонишавӣ пеш мебарад? Кадом кишвар пеши роҳи Чин, Русия ва дигар кишварҳоро мегирад, ки рӯз ба рӯз қудратмандтар мешаванду ба дастовардҳои демократии Ғарб таҳдид мекунанд?
Бидуни шубҳа, ки Амрико дар ҳақиқат як кишвари абарқудрат аст ва ҳоло даъвои гегемон дорад. Аммо кишвари қудратманд бемор аст ва ин беморӣ пеш аз ин рӯйдодҳо пайдо шудааст.
Яъне Амрико, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон нақши созандаи тартиботи ҷаҳониро ба зимма гирифт, аз дохил вайронe хароб мешавад. Фурӯпошии Амрико дар шоҳидии мо сурат мегирад - аммо ҳамеша душвор аст суръати тағиротро пешгӯӣ кард.
Амрико як давлати хеле ҷавон аст ва дар тӯли нисфи таърихи кӯтоҳи худ ин кишвар бо ҳалли мушкилоти худ машғул буд. Ҳамчун як кӯдаки саркаши Аврупо, Амрико ба сохти дунёи худ машғул буд - ва танҳо дар охири асри 19 аз худкунии заминҳои кишварҳои аврупоии колониалӣ оғоз кард.
Дар аввали асри XX Амрико ба сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуданд - ва ба шарофати иштироки худ дар ду ҷанги аврупоӣ ва ҷаҳонӣ, ба гегемон табдил ёфтан, аввал дар Ғарб сипас дар тамоми ҷаҳон.
Бояд гуфт, дар роҳи бунёди Бобили нав Амрико муваффақ шудааст, аз ҷумла дар муддати хеле кӯтоҳ дар сохти қудрати низомӣ, таъсири молиявӣ, идеологӣ ва кадрӣ хеле пешрафт кардааст. Аммо ҳоло хатаре вуҷуд дорад, ки онҳо метавонанд ҳамаи дастовардҳояшонро аз даст диҳанд. Бале, ҳоло барои аксар ин ҳолатро тасаввур кардан душвор аст: Бояд рус ё чинӣ бошӣ, ки суръати тағйиротро дарк намоӣ.
Амрико метавонист аз ин бӯҳрон наҷот ёбад. Танҳо лозим буд, ки аз имкони ҳукмронии глобалӣ даст кашад ва худро аз нақши гегемон канор гираду, ба бунёди инфрасохтору иқтисоди худ оғоз намояд. Ҳамин нуктаро Трамп мехост матраҳ намояд. Аммо барои қудратмандони Амрико ин муҳим нест ва онҳо дар фикри давлат ҳам нестанд.
Дар қиёс ба Чин, Русия, Олмон ва дигар кишварҳо, Амрико на танҳо реша балки дорои миллати давлатофар нест, ки онҳоро тавонад қудратмандтар кунад. Бидуни реша ягон давлат устувор буда наметавонад, ҳатто кишвари абарқудрат.
Ҳоло ҳукумати Байден дар арсаи байналмилалӣ хеле эҳтиёткорона рафтор хоҳад кард - ҳеҷ шиддатёбиву низоъҳо сурат намегирад. Чунки ҳукумати нав дар воқеъ бояд ба мушкилоти шадиди дохилӣ диққат ва нерӯи зиёди худро масраф кунад.
Ҳукумати нави Амрико бояд фарқияти худро аз даврони Трамп нишон диҳад - гарчанде Трамп, дар ягон кишвар ҷанги навро оғоз накард ва ҳатто ваъда дод, ки то охири баҳори имсол нерӯҳояшро аз Афғонистон комилан хориҷ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Байден, албатта "ҳамбастагии Атлантики" -ро тақвият медиҳад, ва аз сӯи дигар ба Чину Русия фишор хоҳад овард. Аммо самаранокии ҳамаи ин тадбирҳо хеле ночиз хоҳад буд. Амрико торафт дар ҷаҳон нуфузашро аз даст хоҳад дод. Ҷаҳон билохира мутмаин шудааст, ки "асри Амрико" на танҳо дар арсаи ҷаҳонӣ, балки дар худи Иёлоти Муттаҳида низ ба поён расида истодааст.