Амрико дар арафаи инқилоб: тарафдорони Трамп Капитолияро муҳосира карданд

© AP / Julio CortezПротесты в США
Протесты в США - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибдорони кишвардори ИМА, Доналд Трамп ҷаласаи Конгрессро халалдор намуданд. Дар ҷаласа бояд натоиҷи интихоботи президентӣ эълон мешуд

ДУШАНБЕ, 7 январ - Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, эътирозҳои густарда алайҳи натиҷаҳои интихоботи президентӣ баргузор шуданд.

Сторонница Трампа на акции в его поддержку - Sputnik Тоҷикистон
Гирдиҳамоии тарафдорони Трамп дар Амрико

Конгресси ИМА мебоист натиҷаҳои овоздиҳиро рӯзи 6 январ тасдиқ мекард, ки мувофиқи он ғолиби сабқати президентӣ намояндаи Ҳизби демократ, Ҷо Байден буд.

Дар ниҳоят Байден пирӯз шуд: чаро Трамп реванш пешниҳод накард

Ҷонибдорони Доналд Трамп, ки аз натиҷаҳои интихобот норозӣ ҳастанд, дар назди бинои Конгресси Амрико даст ба эътироз заданд.

Дере нагузашта митинг ба задухӯрди оммавӣ бо кормандони пулис мубаддал гашт.

Пас аз чанд соат, эътирозгарон ба бинои Конгресс зада даромада, ҷаласаи парлумони Амрикоро вайрон карданд. Полис саъй дорад тазоҳуркунандагонро бо гази ашковар пароканда кунад.

Бо сабаби вазъи пуршиддат, маҷлиси Конгрессро лағв карданд. Ноиби президенти ИМА Майк Пенс ва раиси палатаи парлумон Нэнси Пелоси кӯчонида шуданд.

Вокуниши ҳукумати Амрико ба эътирозҳо

Пас аз забти Капитолий, президенти ИМА Доналд Трамп аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба талаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гӯш кунанд. Сарвари давлат инчунин хоҳиш кард, ки "бо роҳи осоишта ва ватандӯстона" эътироз кунанд.

Ғайр аз ин, Трамп фармон дод, ки Гвардияи миллӣ ба Вашингтон оварда шавад. 

Бо назардошти шиддат гирифтани вазъ, шаҳрдори Вашингтон Мюриэл Боузер аз соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ соати комендантӣ ҷорӣ кард.

"Имрӯз, ман дар ҳавзаи Колумбия аз соати 6:00 ба вақти маҳаллӣ рӯзи чоршанбеи 6 январ то соати 6:00 субҳи рӯзи панҷшанбеи 7 январ фармон додам," - навиштааст Боузер дар сафҳаи Твиттери худ.

Интихобот дар Амрико

Интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3 ноябр баргузор шуд. Раҳбари феълии кишвар Доналд Трамп, ки аз ҷониби Ҳизби ҷумҳурихоҳ пешбарӣ шудааст ва намояндаи Ҳизби демократ Ҷо Байден барои курсии сарвари давлат мубориза бурданд.

Тибқи иттилои расмӣ, интихоботи президентии 2020 дар ИМА баландтарин иштироки мардум дар 120 соли охир сабт шуд.

Маълум аст, ки Байден аз 270 овози зарурӣ бештар овоз гирифтааст. Пас аз ин, демократ худро президенти интихобшудаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард. Ҳамзамон, Трамп 214 раъйи интихобкунандагонро ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0