Иёлоти Муттаҳида бори дигар нооромиҳоро барангехт: ҳангоми тасдиқи натиҷаҳои интихобот аз ҷониби Конгресс, шаҳрвандони норозӣ ба бинои Капитолия ворид шуданд.
Фавти 4 нафар ва тамдиди вазъи изтирорӣ дар Амрико - навор
Тарафдорони Трамп, мутмаин буданд, ки интихобот дар кишварашон одилона набуд, аз пикети осоишта, аввал ба задухӯрд бо полис ва сипас ба бинои Конгресс ҳамла карданд.
Бар асари ноамниҳо дасти кам 4 нафар кушта шуда, ҳамчунин даҳҳо нафар боздошт гардиданд.
Танҳо ба Гвардияи миллии ИМА муяссар шуд, ки тазоҳуркунандагонро пеш кунанд.

1/13
© AFP 2023 / ALEX EDELMAN
Тарафдорони Доналд Трамп копитолияро иҳота намуданд

Онҳо аввал даст ба эътирози осоишта зада, сипас вуруди бинои Конгресс шуданд

Дар бинои Конгресс мебоист натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ эълон мешуд

Доналд Трамп ба шаффофияти интихобот бовар надорад

Ӯ бар ин назар аст, ки аснои баршумурдани раъйи интихобкунандагон тақаллубкорӣ ҷой доштаст

Интихобот ҳарчанд 3 - юми ноябр сурат гирифт, вале то ҳол кашмакашҳо дар баршумории овозҳо ҷой доштанд

7/13
© AP / Manuel Balce Ceneta
Тарафдорони ӯ бо шиору овезаҳо нахуст назди бинои Конгресс ва сипас вориди бинои он ҳам шуданд

8/13
© AP / John Minchillo
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз гази ашковар эътирозгаронро пароканда карданд

9/13
© AP / John Minchillo
Бар тибқи маълумотҳои ахир дар натиҷаи эътирозҳо дасти кам 4 нафар бо шумули як зан ҷон аз даст доданд

10/13
© AP / John Minchillo
Илова бар ин даҳҳо нафар аз эътирозгаронро кормандони пулис боздошт карданд

Қаблан раиси шаҳри Вашингтон аз бегоҳи рӯзи 6 уми январ то бегоҳи 7 январ вазъи изтирорӣ эълон кард

Вале баъдан бо бад шудани авзоъ раиси Вашингтон вазъи истирориро то 15 рӯзи дигар тамдид кард

Ҷо Байденро имрӯз Конгресси Амрико расман раисҷумҳур эълон кард ва маросими савгандёдкунии ӯ рӯзи 20 январ сурат мегирад