ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, раиси маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханрониша иҷлосия қайд кардааст, ки новобаста аз паҳншавии вируси корона иқтисодиёти вилоят рушд карда аст ва барои рушди он дар соли сипаригашта тақрибан дар тамоми бахшҳои иқтисодиёти вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шуд.
Қурбон Ҳакимзода қайд кардааст, ки давраи ҳисобот (ёздаҳ моҳи соли 2020) иҷрои нақшаи андоз (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 132,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 24,7 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
“Пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра маблағгузорӣ гардида, қарзи музди меҳнат дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд надорад”, - таъкид доштааст раиси вилояти Хатлон.
Дар ҳамин ҳол Қурбон Ҳакимзода таъкид доштааст, ки дар давраи ҳисоботӣ музди миёнаи меҳнат дар вилоят 1028,44 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 29,94 сомонӣ зиёд мебошад.
Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Норак 1843,74 сомонӣ, Данғара 1433,37 сомонӣ, Ховалинг 1344,17 сомонӣ, Бохтар 1267,49 сомонӣ ва Темурмалик 1102,05 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Мақомоти вилояти Хатлон омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маошро дар ин шаҳру ноҳияҳо дар рушди босуръати соҳаҳои хизматрасонӣ ва саноат медонад.
Вай афзуд, вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархи молу маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҳамчунин вай илова кард, ки ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 6,1 миллиард сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 1,7 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 276,4 миллион доллар, аз ҷумла воридот 147,5 миллион доллар ва содирот ба 128,9 миллион доллар баробар шуд.
Қурбон ҳакимзода зикр намудааст, ки барои сол ба сол тадриҷан зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷӣ кишвар 106,8 ҳазор тонна ба маблағи 11,4 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, 89,4 ҳазор тонна ба маблағи 8,9 миллион доллар ба хориҷи кишвар танҳо пиёз содирот карда шуд.
“Боиси қайд аст, ки дар таъмини дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ кишвар саҳми кишоварзон ва соҳибкорони ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ ва Қубодиён хеле назаррас мебошад”,- гуфт раиси вилояти Хатлон.