Дар вилояти Хатлон наздик ба 2 ҳазор кӯдак аз тарбияи яке аз волидон маҳрум шуданд

© © SputnikМолодая пара выясняет отношения
Молодая пара выясняет отношения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон эълон доштааст, ки дар вилоят дар давоми 11 моҳи соли равон 2 ҳазору 157 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Зинатгул Сафарзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” қайд кардааст, ки дар вилоят дар 11 моҳи соли равон 2 ҳазору 157 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 254 ҳолат кам мебошад.

Паспотр РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

Вай афзуд, ки аз шумораи ҷудошавии оилаҳо 1 ҳазору 675  ҳолаташ бо ҳалномаи суд, 477 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, 5 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст.

Ҳамзамон Зинатгул Сафарзода зикр кардааст, ки аз 2 ҳазору 157 оиилаи ҷудошуда 1 ҳазору 405 оилаш ҷавонони то 35-сола, 752 ҳолати дигар аз 35-сола боло, 284 ҳолаташ бо ваколатнома, 1182 оила бо қарори суд, ки фарзанд доранд, ақди 975 оилаи дигар, ки бо қарори суд бекор шудаст, ба далели бефарзандӣ ва 9 ҳолати дигар ба иллати зуроварӣ ақди никоҳашонро бекор карданд.

Вай илова кардааст, ки  барои пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳо аз ҷониби ҳама сохторҳои марбута миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзур карда шуданд.

Инчунин, вай афзуд, ки дар натиҷаи вайроншавии оилаҳо 1 ҳазору 977 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0