Мақомоти Афғонистон: Чин бояд барои ҷосусиаш узрхоҳӣ кунад

© Sputnik / JAKПразднование дня независимости в Кабуле
Празднование дня независимости в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон аз Чин хост ба далели ҷосусӣ аз он кишвар узрхоҳӣ кунад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон таъкид доштааст, ки Чин бояд аз Афғонистон барои ҷосусӣ узр пурсад.

Кандидат в президенты от демократов Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон
Бонки марказии Афғонистон дар маъракаи интихоботии Амрико ба Ҷо Байден кумак кардааст?

Амруллоҳ Солеҳ, ки сарпарастии парвандаи таҳқиқ аз ҷосусони чиниро бар ӯҳда дорад рӯзи шанбе дар дидор бо Ванг Ю, фиристодаи Чин дар Кобул гуфт, ки агар Пекин зимни узрхоҳии расмӣ бипазирад, ки бо ин иқдом ҳанҷорҳои байналмилалиро поймол кардааст, давлати Афғонистон метавонад ҷосусони чиниро мавриди афв қарор диҳад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории "Тасним".

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон қайд кардааст, ки агар Чин узрхоҳи накунад дар ин сурат, давлати Афғонистон додрасӣ алайҳи 10 ҷосуси чиниро идома хоҳад дод.

Бояд қайд кард, ки Идораи амнияти миллии Афғонистони 10 шаҳрванди чиниро ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Афғонистон боздошт кардааст, ки бар асоси гузоришҳо бо идораи иттилоот ва амнияти миллии Чин дар иртибот будаанд.

Пеш аз ин як расонаи ҳиндӣ ба нақл аз манобеъ дар раёсати амнияти миллии Афғонистон эълом карда буд ҷосусони чинӣ барои радёбӣ ва назорат бар уйғурҳои фирории иттилоотиро ба давлати ин кишвар гузориш мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0