ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд намудааст, ки новобаста ба таъсири паҳншавии бемории “COVID 19”вилоят содироти 6 намуди молу маҳсулот нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол вай афзуд, ки воридоти намудҳои маҳсулоте, ки имконияти истеҳсолашон дар дохили вилоят бештар гардид, аз ҷумла, воридоти гандум, биринҷ ва гӯшти мурғ нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.
Барои сол ба сол тадриҷан зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷӣ кишвар 106,8 ҳазор тонна ба маблағи 11,4 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, 89,4 ҳазор тонна ба маблағи 8,9 миллион доллар ба хориҷи кишвар танҳо пиёз содирот карда шуд.
"Боиси қайд аст, ки дар таъмини дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ кишвар саҳми кишоварзон ва соҳибкорони ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ ва Қубодиён хеле назаррас мебошад", -таъкид дошт Ҳакимзода.
Ба қавли раиси вилоят, таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста мебошад.