Дидорбинӣ аз Сайрам Исоева то Фарзона: раиси шаҳри Хуҷанд супориши Президентро иҷро кард

© Пресс-служба мэра ХуджандаПредседатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву
Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хуҷанд як қатор бонувони шинохтаи соҳаҳои фарҳангу адабиётро аёдат кард

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ Раиси шаҳри Фирдавс Шарифзода як қатор бонувони шинохтаи шаҳр, аз ҷумла Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Хунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, Устод Фарзона, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Хосият Зокирова, собиқадори меҳнат Тӯтинисо Комилова ва дигарон аёдат кард.

Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода бо раиси Хуҷанд дар рӯзи арафа ба Сайрам Исоева пулу тӯҳфа бурданд

Ба иттилои манбаъ, зимни боздид шаҳрдор бонувонро бо Соли нави мелодӣ табрик намудааст.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Шоири халқии Тоҷикистон, Фарзона, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Хосият Зокирова ва собиқадори меҳнат Тӯтинисо Комилова, дар дидор бо раиси шаҳр зикр намуданд, ки минбаъд низ бо андешаи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳамдилу ҳамқисматӣ дар тарбия ва баланд бардоштани ҳисси меҳанпарварии шаҳрвандон саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.

Зимни дидор раиси шаҳри Хуҷанд қайд кардааст, ки ҳадафи аслӣ  дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, таҳкими худогоҳиву худшиносии мардум, тарбияи наслҳои солиму огоҳ, тақвияти минбаъдаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Вай ваъда додааст, ки дар соли нави 2021 барои гул-гулшукуфии Тоҷикистон дастҷамъона саъю талош хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0