Аҳмадзода бо раиси Хуҷанд дар рӯзи арафа ба Сайрам Исоева пулу тӯҳфа бурданд

© Пресс-служба мэра ХуджандаПредседатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву
Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Сайрам Исоеваро бо Иди Қурбон табрик намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин иди миллӣ таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ аст

ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар арафаи Иди қурбон ба дидорбинии ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам исоева рафтаанд.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд менависад, Раҷаббой Аҳмадзода ва Маъруф Муҳаммадзода Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Артисткаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоеваро, ки беш аз 56 сол бо истеъдоду ҳунари волои худ дили ҳазорон тамошобинонро тасхир намудааст, аёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим доштанд.

© Пресс-служба мэра ХуджандаПредседатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву
Аҳмадзода бо раиси Хуҷанд дар рӯзи арафа ба Сайрам Исоева пулу тӯҳфа бурданд - Sputnik Тоҷикистон
Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву

 Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Сайрам Исоеваро бо Иди Қурбон табрик намуда, аз ҷумла таъкид кардааст, ки ин иди миллӣ таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ аст.

Манбаъ менависад, Сайрам Исоева ҳукумат миннатдории самимонаи хешро изҳор доштааст.

"Таваҷҷуҳ ба соҳаи фарҳанг ва рушди бемайлони он аз фарҳангчиён масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Дар ин росто ҳар як намояндаи фарҳанг дар канори Роҳбарияти Давлату Ҳукумат қарор гирифта, барои ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ ва баланд бардоштани маданият ва тарғиби урфу одати миллӣ саҳмгузорӣ намоем. Бо вуҷуди беш аз 56 солаи фаъолият дар як театр-Театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ умедворам, ки солҳои зиёд то ҷон дар рамақ доштан ба ин давлату миллат ва халқи азизам хизмат менамоям", - таъкид кардааст ҳунарпеша.

Иди Қурбон дар Тоҷикистон бо қарори Шӯрои улумои Тоҷикистон фардо, 31 ибл таҷлил мешавад.

Лентаи хабарҳо
0