ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Рамазон Шарифов, сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд мегуяд, нобудсозии доруворӣ, ки дар пай зарари иқтисодӣ дорад аз дуруст омӯхта натавонистани талаботи бозор ва риоя накардани меъёрҳои сатандартӣ аст, ки баъзе роҳбарони ширкатҳои фармасевтӣ ба чунин ҳол дучор шудаанд.
Ӯ гуфт, давоми 11 моҳи соли равон бештар аз 960 ҳазор адад маводи доруворӣ ва ороишию гигении муҳлати истифодабариашон гузаша ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгуй набуда, нобуд карда шудааст.
Маводи мусодирашуда аз 946 номгуй иборат буда, 83 ҳазору 304 килои он маводи дорувории аст, ки ё кӯҳнашудаанд ва ё қалбакӣ буда сертификати мутобиқат надоштаанд. Ҳамаи он дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд сӯзонида шудааст.
Мақомот мегуянд, ҳаҷми маводи нобудкардашуда ба 5 милиону 778 ҳазору 935 сомонӣ баробар буда, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз 50 % зиёд гуфта мешавад. Соли 2019 дар ҳамин давра 97 ҳазору 530 кило доруворӣ, ки маблағи ҷамъи онҳо 2 милиону 559 ҳазору 381 сомонӣ ҳисоб мешуд, сӯзонида шудааст.
“Ин хатогии соҳибкоронест, ки ба ворид намудани маводи тиббӣ машғуланд. Баъзеи онҳо ба талаботи бозор нигоҳ накарда, зуд фоида мегирам гуфта, бори зиёд ворид мекунанд. Аммо вақте хариддор кам шуд, муҳлати истеъмоли доруҳо мегузарад ва бе ҳеҷ илоҷ он ҳама нобуд карда мешавад”, - гуфт Шарифов ба Sputnik Тоҷикистон.
Ҷаримаи доруфурӯшон
Ин масъули Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки ҳар як ширкати воридкунанда ва нуқтаҳои фурӯши доруворӣ муваззафанд, ки дар ҳоли ба охир расидани санаи истеъмоли маводи тиббии дар ихтиёр дошта ба онҳо муроҷиат намоянд. Дар ҳоли ошкор шудани чунин пинҳонкорӣ нисбати фурӯшанда ва масъулини ширкатҳои фармасевтӣ ҷарима тадбиқ карда мешавад.
Зимнан ба иттилоъи расмӣ дар вилояти Суғд, 866 нуқтаи фурӯши яклухт ва чаканаи маводи доруворӣ амал мекунад. Вале ягон тои ин дорухонаҳо дар ҳоли ҳозир давлатӣ набуда, балки ҳама хусусиянд.
Кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи санҷишҳои назоратӣ аз оғози сол то ин вақт 163 масъули ширкат ва дорухонаҳоро барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти меҳнатиашон аз ҷумла барои ба фурӯш гузоштани маводи дорувории куҳнашудаи пастсифат ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгуй набуда бар асоси моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот таъин кардаанд.
Ин моддаи қонун барои шахсони воқеӣ 2900 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ ва ё роҳбарони ширкатҳои яклухтфурӯшии маводи фармасевтӣ аз 5800 то 11600 сомонӣ пешбинӣ мекунад. Бино ба иттилоъи мақомот аз ҷамъи парвандаҳои маъмурӣ дар умум 327 ҳазору 539 сомонӣ ҷарима тадбиқ карда шудааст.
Воридоти доруворӣ бештар шуду нарх ҳам баланд
Бино ба иттилоъи Фирдавс Исломов, мутахассиси шуъбаи барасмиятдарории воридоту содирот ва аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Суғд, гуфт давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 888 тон ва ё ба маблағи 5, 5 милион доллар маводи доруворӣ ба ин вилоят ворид шудааст. Ин омор назар ба ҳамин давраи соли 2019, беш аз 2, 5 миллион доллар бештар гуфта мешавад. Давоми 11 моҳи соли 2019 ба вилояти Суғд ба маблағи 2 милиону 166 ҳазор доллар ё 2 ҳазору 166 тон маводи тиббӣ ворид шуда буд.
“Бо сабаби хуруҷи бемории пандемия соли ҷорӣ воридоти дору ба вилояти Суғд бештар шуд”, -иброз намуд Исломов.
Аммо дар ҳамин ҳол баъзе аз сокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ ба Sputnik Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки нархи доруворӣ аз пеш дида ба маротиб баланд шудааст. Латофат як сокини шаҳри Истаравшан мегуяд, ҳар сол бо тавсияи табибон барои беҳтар шудани саломатиаш дар бемористон табобат мегирад. Ӯ гуфт, қиммати доруҳое, ки истифода мекунад, ҳоло то як баробар баланд рафтааст.
“Духтурон ташхиси бемориамро буғумдард (ревматизм) гуфтанд. Ҳар сол бо сард шудани ҳарорат табобат мегирам. Духтурон Метипред ва Гепарин барин доруҳо тавсия медоданд. Ҳоло нархи ин ду дору аз 40 сомонӣ баланд шудааст. Соли гузашта 30-35 сомонӣ фурӯхта мешуд”, иброз намуд Латофат.
Мирзо сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, дар пайи хуруҷи бемории “вируси корона” имсол нархи маводи тиббӣ дар ҳамаи дорухонаҳо боло рафтааст.
“Масъалан қурс (таблеткаҳо) и Эргоферон, ки барои шамолкашии роҳи нафас тавсия духтурон мешавад ба 60 сомонӣ дакка хурдааст. Дар ёд дорам, ки ин дору соли гузашта 50 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ё Анаферон, ки зиддивирусӣ ба ҳисоб меравад аз 40 ба 50 сомонӣ гарон шудааст”, - гуфт сокини шаҳри Хуҷанд.
Фирдавс Исломов, мутахассиси шуъбаи барасмиятдарории воридоту содирот ва аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Суғд мегуяд, болоравии қиммати доруворӣ натанҳо дар кишвар, балки ин раванд дар тамоми ҷаҳон аз пеш дида тағйир ёфтааст.
“Ин мушкили умумиҷаҳонӣ аст. Вақте, ки доруворӣ камчин шуд, он ба нарх таъсир мерасанад, зеро он маводи омодашавандаи тиббӣ дар кишвари тавлидкунанда гарон шудааст”, зикр кард Исломов.
Роҳбарони ширкати фармасевтӣ дар шаҳри Хуҷанд мегуянд, бо зиёд шудани шумори ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ, ҳоло рақобати ин бозор дар Суғд хеле бештар шудааст. Муяссара Раҳимова, роҳбари ширкати фармасевтии “Мин” дар Хуҷанд мегуяд, чунин вазъи рақобатсоз гоҳе суду гоҳе бар зарари ширкатҳо тамом мешавад.
“Баъзеҳо фикр мекунанд, ки соҳибони дорухонаҳо фоидаи зиёд мегиранд. Аммо дар бораи зарари ин кор кам касон андеша мекунанд. Дар замони шӯрави мо таҳлил карда мебаромадем, ки дар кадом беморхона чи қадар койка ҳаст ва барои беморон тақрибан кадом намуди доруворӣ лозим меояд. Ҳоло дар баробари бемористонҳои давлатӣ, клиникаҳои шахсӣ зиёд шудаанд, ки омӯхтан ва маълум кардани вазъ душвортар шудааст”, - таъкид намуд Раҳимова.
Масъули ширкати “Мин” мегуяд, табиист, ки ширкатҳои воридкунандаи маводи тиббӣ барои ба даст овардани фоида кӯшиш мекунанд, ҳар чи бештар мол ворид кунанд, аммо на ҳамаи моли харидашуда ба фурӯш меравад.
”Агар, як қисми бор ба фурӯш равад, қисми дигар боқӣ мемонад ва бо ба охир расидани санаи истеъмол, ҳамаи он нобуд карда мешаванд ва ҳамаи ин зарар ва зарба ба соҳибкор аст”, -гуфт роҳбари “Мин”.
Воридот ҳаст, содирот нест
Маводи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷа, умдатан аз кишварҳои Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркия ва Украина ворид карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир камобеш 14 ширкат дар вилояти Суғд барои ворид намудани маводи тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар иҷозатнома дарёфт кардаанд.
Масъулони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Суғд мегуянд, ҳоло аз сӯи ширкатҳои ватании тавлидкунандаи маводи фармасевтӣ истеҳсоли спирти этиленӣ, чойи шифобахш пахта, докка, халати тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Вале чунин маводи истеҳсолӣ ватанӣ то кунун ба дараҷаи моли воридотивазкунанда нарасида ва ба хориҷи кишвар ҳам содирот нашудааст.