ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Беш аз 10 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, аз тарафи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба тариқи сӯзонидан нобуд карда шуданд.
Ба иттилои сардори шуъбаи назорати давлатии фарматсевтии Сарраёсат Одина Шарифзода, беш аз 9 тонна маводи тиббии нобудшударо ширкатҳои фарматсевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ тавассути мактуб барои нобуд кардан ба сарраёсат супориданд.
"Дар қиёс ба солҳои пешина маданияти соҳибкорон ва масъулини муассисаҳои тандурустӣ дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ хеле баланд гардидааст. Вақте маводи доруворӣ ва молҳои тиббиеро, ки муҳлати истифодаашон мегузарад, аз муомилот гирифта, бо мактуб ба Сарраёсат барои безарар гардонидан супорида мешаванд",- гуфт Одина Шарифзода.
Воридоти бештар аз 24 тонна чойи хушки пастсифат ба Тоҷикистон пешгирӣ шуд
Ҳоло аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон корҳои назоратӣ пурзӯр карда шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ роҳандозӣ шудаанд.