ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бегоҳии 6 август дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавирус доир гардидааст.
Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусамадзода, сардорони як зумра раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони якчанд беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Супориши Абдуллозода: чораҳои пешгирикунанда аз COVID - 19 дар Тоҷикистон пурзӯр шавад
"Дар кори ҷаласа масъалаҳои назорати қатъии беморони гирифтори COVID-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили амиқи вазъи бемории коронавирус дар мамлакат ва пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.