Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники во время обхода в госпитале для лечения больных COVID-19
Медицинские работники во время обхода в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Крис Уиттӣ, сардухтури Англия, шаби шанбе эълон кард, ки дар Бритониё як шакли нави коронавирус муайян карда шудааст, ки нисбат ба вирусҳои ошкоршуда дар Вуҳан "зудтар паҳн шавад".

ДУШАНБЕ, 20 декабр - Sputnik. Ба гуфтаи олимон, мутатсия ё худ шакли нави коронавируси ошкоршуда дар Бритониё нисбат ба намуди аввали ин вирус 70 дарсад сироятёбандатар аст.

Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон
Таҷҳизоту ташхис куҳна: ноиби вазири тандурустӣ аз камбудиҳои даври коронавирус гуфт

Ин нуктаро сарвазири Бритониё,  Борис Ҷонсон дар як конфронс баён дошт. Дар зимн ӯ илова намуд, ки  ҳанӯз маълумоте вуҷуд надорад, ки коронавируси нав боиси пайомадҳои шадидтар мешавад. Инчунин ҳанӯз маълум нест, ки оё шакли нави коронавирус маргумирро зиёд мекунад ё на.

Дар ҳамин ҳол сардухтури Англия Крис Уиттӣ шоми шанбе эълон кард, ки дар Бритониё як варианти нави коронавирус пайдо шудааст, ки нисбат ба вирусҳои тирамоҳи соли гузашта дар Вуҳан муайяншуда, метавонад зудтар паҳн шавад.

Прохожие в защитных масках  - Sputnik Тоҷикистон
Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Қайд карда шуд, ки ин намуди коронавирус ба наздикӣ дар ҷанубу шарқи кишвар кашф карда шуд. Бо вуҷуди фосилаи кӯтоҳ, мутатсияи ҷадиди коронавирус аллакай 1000 нафарро дар 60 минтақаи гуногуни Бритониё сироят кардааст.

Қоҳиши теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар Эрон

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  гуфтааст, ки бо мақомоти Бритониё дар робита бо кашфи як варианти нави коронавирус дар тамоси доимӣ мебошад. Бо сабаби афзоиши шумораи сироятёфтагон ва пайдоиши як варианти нави вирус, мақомоти Бритониё аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои иловагӣ дар Лондон ва ҷанубу шарқи кишвар хабар доданд.

Лентаи хабарҳо
0