Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрохожие в защитных масках
Прохожие в защитных масках  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 19 декабр - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Посол Великобритании в Таджикистане Хью Филпот  - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ сафир дар Душанбе ва феълан дар Туркманистон гирифтори COVID-19 шудаст

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторшудаҳо аз 30 апрел то 19 декабр дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 923 нафар расид.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуд.

Ин ниҳод илова намуд, ки дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  12 ҳазору 374 нафар расид, ки баробари 95,7%-и гирифторшудаҳо мебошад.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки аз 30 апрел то 19 декабр бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд.

Вазорат таъкид намудаст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0