ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Муҳсинзода зимни ҷаласаи ахир дар парлумон гуфт, пайдоиши беморӣ нишон дод, ки бархе аз муассисаҳои тиббӣ аз норасоии таҷҳизоти зарурӣ ва ташхисгоҳҳои замонавӣ, инчунин, нокифоя будани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии пурраи тиббӣ танқисӣ мекашанд.
“Қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо ҳанӯз аз замони шӯравӣ мавриди истифода қарор доранд ва бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхис ва табобату хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ, таҷдиди маҷмӯиро талаб менамояд”, - таъкид намуд муовини аввали вазири тандурустӣ.
Ӯ, ки Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Тоҷикистону Ҷопон дар бораи кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷопон барои мубориза бо COVID-19-ро муаррифӣ мекард, изҳор дошт харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷопон ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Муҳсинзода илова намудааст, ки маблағи умумии ин лоиҳа 600 миллион йени ҷопониро ташкил медиҳад, ки ба 5,8 миллион доллари ИМА баробар буда, пурра грант мебошад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ин санад ҷонибдорӣ намуд.