Тавсифи Президент аз Ғуломов: Акбар нақшаҳои ояндаашро гуфт

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонСоҳибкор Акбар Ғуломов ҳангоми суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Соҳибкор Акбар Ғуломов ҳангоми суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз корҳои соҳибкор Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазири ҷумҳурӣ, марҳум Асадулло Ғуломов тавсиф кард

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Раҳмон, ки имрӯз корхонаи фурӯзонакҳои диодии бунёдкардаи Ғуломовро ифтитоҳ кард, ин соҳибкорро намунаи ибрат хонд.

 Ввод в эксплуатацию предприятия по производству полипропиленовых мешков ООО «Гаюр-Пак» в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Акбар Ғуломов корхонаи нав бо 140 ҷои кориро дар Душанбе фаъол кард

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акбар Ғуломовро барои саҳм гузоштан дар татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020” намуна арзёбӣ намуд.

Манбаъ афзуд, ки роҳбарияти гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҳамчунин дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ бунёди чор корхонаи нави муштарак, аз ҷумла рангҳои насли нав, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти сантехникӣ ва асбобҳои барқиро ба нақша гирифтааст.

Корхонаҳои Акбар Ғуломов инчунин ба истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ машғул буда, тайи солҳои охир Тоҷикистонро аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи ин маҳсулот табдил додаанд.

Лентаи хабарҳо
0