Акбар Ғуломов корхонаи нав бо 140 ҷои кориро дар Душанбе фаъол кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан Ввод в эксплуатацию предприятия по производству полипропиленовых мешков ООО «Гаюр-Пак» в Душанбе
 Ввод в эксплуатацию предприятия по производству полипропиленовых мешков ООО «Гаюр-Пак» в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкор Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, марҳум Асадулло Ғуломов, имрӯз дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении “Ғаюр-Пак”-ро ба истифода дод

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ифтитоҳи корхона дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Акбар Ғуломов - Sputnik Тоҷикистон
Сипоси раисиҷумҳур ба Ғуломов ва Ҷӯрахонов: 41 миллиони худро барои мактабу коллеҷ доданд

“Коргоҳи “Ғаюр-Пак” имконият дорад, ки дар як сол 50 миллион дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд. Халтаҳои истеҳсолнамудаи ширкат яккарата буда, истифодаи онҳо ҳам барои муҳит безарар ва ҳам барои истифодабарӣ қулай аст”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шуд, ки пас аз курсҳои бозомӯзӣ дар Корхонаи “Ғаюр-Pack” 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Манбаъ илова намуд, ик гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар се корхона солона 2,5 миллион тонна семент истеҳсол менамояд ва вобаста ба ин, ба халтаҳои полипропиленӣ талаботи зиёд дорад.

“Ғайр аз халтаҳо барои семент, ҳамчунин “Ғаюр-Pack” тибқи фармоиш имкони тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиёвиро дорад.  Ҳамчунин корхонаи нав дорои лабараторияи санҷиши сифат мебошад, ки танҳо пас аз баҳогузории мутахассисон, маҳсулоти он барои истифода пешниҳод мегардад”, - таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0