“Комбинати орди Душанбе” баъди 30 сол фаъол шуд

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМешки с мукой на ООО "Душанбинский мукомольный комбинат"
Мешки с мукой на  ООО Душанбинский мукомольный комбинат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Шоҳмансур дар маросими фаъолсозии “Комбинати орди Душанбе” иштирок кард

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik.  Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Комбинати орди Душанбе”, ки зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият боз монда буд, бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардид.

 Ввод в эксплуатацию предприятия по производству полипропиленовых мешков ООО «Гаюр-Пак» в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Акбар Ғуломов корхонаи нав бо 140 ҷои кориро дар Душанбе фаъол кард

“Масоҳати умумии “Комбинати орди Душанбе” 4 гектар буда, сохтмон, таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷуда имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо ва “КОФКО Инжинеринг ва Менеҷмент”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой хатҳои истеҳсолии нав харидорӣ ва васлу насб карда шавад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани “Комбинати орди Душанбе” дар маҷмуъ 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

“Дар ин комбинат дар як шабонарӯз 400 тонна гандум мавриди коркард қарор дода шуда, бо номҳои “Майса”, “Хӯша”, Сунбула” ва “Суфра” тавлиди бештар аз 10 навъи орд, ки аз он ярмаи гандум, макарон, номгӯи зиёди маҳсулоти нонию қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, роҳандозӣ гардидааст”, - таъкид шудаст дар матлаб.

Trade at a city food pre-Easter fair held on Karl Marx Square in Novosibirsk. (File) - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, фаъолияти бонизоми комбинат метавонад дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар тамоми фасли сол ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал, нақши муассир гузорад.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ оянда дар назди “Комбинати орди Душанбе” чандин коргоҳҳои нав ба кор дароварда мешавад.

“Бунёди коргоҳҳои истеҳсоли макарон ва маҳсулоти нонию қаннодӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳоест, ки ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин бо ба инобат гирифтани талабот коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ аз сабӯс низ бунёд карда мешавад. Дар ин ҷо, инчунин хӯроки парранда, моҳӣ ва чорво ҳам истеҳсол мегардад”, - таъкид намуд котибот.

Лентаи хабарҳо
0