Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкTrade at a city food pre-Easter fair held on Karl Marx Square in Novosibirsk. (File)
Trade at a city food pre-Easter fair held on Karl Marx Square in Novosibirsk. (File) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" аз раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостанд, то болоравии нархи маҳсулотро шарҳ диҳад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Абдумаҷид Муъминзод, имрӯз зимни ҷаласаи парлумонӣ дар ҳузури вакилон гуфт, болоравии нархи баъзе маҳсулот аз моҳи октябр оғоз шуд.

Жители Душанбе покупают продукты - Sputnik Тоҷикистон
Чаро нархҳо боло рафтанд? – шарҳи муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо

Ӯ аз ҷумла тухми мурғро мисол оварда гуфт, ки он ба омилҳои беруна рабт дорад.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби Хадамот дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе санҷишҳо гузаронида шуд ва аз тамоми фабрикаву корхонаҳое, ки ба истеҳсоли тухм машғуланд тамоми хароҷоти онҳоро қабул кардем, ки тибқи таҳлилҳо он ба омилҳои беруна бастагӣ дорад.

Муъминзод гуфт, таҳлилҳое низ доранд, ки ба ҳукумат ҳам пешниҳод кардаанд, ки на танҳо дар дохили кишвар нархи он гарон аст.

“Агар имрӯз дар бозори дохилии кишвар 1 дона тухм 1 ва ё 1 сомониву 10 дирам ба фурӯш бароварда шавад дар дигар кишварҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон як ячейка тухм 35-40 сомонӣ арзиш дорад”.

Курицы - Sputnik Тоҷикистон
Гароншавии нархи тухм ва шарҳи сабаб: аз пиршавии мурғҳо то ҷаҳиши доллар ва хоҳиши ҳамсоя

Ӯ гуфт, агар нархи маҳсулот беасос боло бурда шавад, тибқи қарори ҳукумат аз сӯйи давлат танзим карда мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода,  вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократӣ гуфт, агар гӯшт ё тухмро аз хориҷа ворид кунем, аз нархи тухм ва гӯшти мурғи Тоҷикистон арзонтар мефарояд.

Ба гуфтаи вакили парлумон, барои воридот имтиёзҳои зиёд аст ва соҳибкорон аз бисёр уҳдадориҳо озод шудаанд, аммо ворид карда наметавонанд.

Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

Гароншавии нарх аз ҷумла ба маводҳои ниёзи аввалия, аз қабили шакару равғану тухм ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамарӯза дар расонаҳо ва ё миёни корбарон баҳс мешавад.

Мақомоти тоҷик бошад сабаби онро ё дар камбуди истеҳсоли он ва ё болоравии нарх дар кишварҳои воридкунанда арзёбӣ мекунанд. 

Лентаи хабарҳо
0