Мақомдорони шаҳри Гулистонро китобхон мекунанд

Обуна шудан
Дар мақомоти шаҳри Гулистон китобхона таъсис дода шуд. Китобхонаи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кормандони мақомоти шаҳри Гулистон ташкил гардидаааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Гулистон, дар ин китобхона асарҳои таърихиву сиёсӣ, илмиву бадеӣ ва фарҳангӣ  зиёда аз 350 нусха китоб ҷойгир карда шуд.

VI Международная выставка Китоби Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадзода 460 китоб хариду ба китобхона ва муассисаҳои фарҳангу маориф тақдим кард

Гуфта шудааст, ки китобхонаи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода, дар баробари фароҳам овардани китобҳои бадеӣ, инчунин беш аз 20 номгӯи матбуоти даврӣ, аз қабили рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ  барои хонандагон пешниҳод гардидааст.

Озмун дар Суғд: беҳтарин китобхона барандаи 12 ҳазор сомонӣ мешавад

Қайд шудааст, ки китобхона  ба кормандони  шаҳри Гулистон  имкон медиҳад, ки барои такмили дониш, ҷаҳонбинӣ ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода  баранд.

Лентаи хабарҳо
0