ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд баъд аз шиносоӣ аз анвои гуногуни китобҳо дар намоиш-фурӯши "Корвони китоб"-и муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” 460 адад китобро ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ба масъулини дахлдор дастур дод, ки онро ба хазинаи китобхонаи шаҳрӣ ва муассисаҳои соҳаи фарҳангу маориф тақдим нкард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.
Усмонов ба Маркази исломии Узбакистон ба 8 миллион доллар китоб тақдим кард
Бино бар иттилои манбаъ, ахиран дар назди Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши "Корвони китоб"-и муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” ташкил гардид, ки аз он Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода боздид намудааст.
Оғози “Ҳафтаи китоб” таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” дар Тоҷикистон
Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури роҳбарияти муассисаи давлатии нашриёти “Адиб”, шоиру нависандагон ва дӯстдорони китоб гуфт, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд.
“Мо аз даврони қадим китобро ҳамчун сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсӯҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд”,- афзуд вай.
Раиси шаҳри Исфара ба мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китоб дод
Дар ҳамин ҳол, Давлат Сафар, роҳбари муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” ба шаҳрдор гуфт, ки китоб нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, баъди мутолиаи китоб ҳар фард ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат мешавад.