Маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) рӯзи 9 декабр баргузор шуд.
Дар ин маросим сиёсатмадорон, афсарону аскарон, фаъолони ҷомеа ва шеху ақрабои куҳансарбозон ширкат карданд.
"Касе баргашт, касе дар майдонҳои ҷанг монду фавтид. Ин ҷо беш аз 500 навиштаҷот, зиёда аз 500 ному насаб ҳаст. Инҳо шахсоне мебошанд, ки дар ҳимояи Ватани мо, истиқлолияти Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми бузург гузоштаанд. Он замон ҳамаи мо якҷоя ҷанг кардем" , - гуфт дар ин чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.
Лавҳаи ёдгорӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо дастгирии сафорати Русия ва ширкатҳои тоҷикӣ сохта шудааст.
Гузоштани лавҳаи хотиравӣ барои сержант Амонов: бар зидди гурӯҳи Худойбердиев ҷангида буд
Лавҳаи ёдгорӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо дастгирии сафорати Русия ва ширкатҳои тоҷикӣ сохта шудааст.
Дар лавҳа исми 571 иштирокчиёни ҶБВ - сокинони деҳаи Қаратоғ зикр шудааст, ки 234 нафари онҳо дар набардҳо ҳалок шудаанд.
Аз шаҳри Турсунзода зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, 2 ҳазору 200 нафарашон аз майдони набард барнагаштанд.