Телевизиони RT 15 - сола шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкШабакаи Russia Today, акс аз бойгонӣ
Шабакаи Russia Today, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзи 15-солагии худ, RT навореро таҳти унвони "Таҳдиди сабз", ки бо услуби филмҳои таълимии мудофиаи шаҳрвандии Амрико дар даврони Ҷанги Сард таҳия шудааст, пахш кард

ДУШАНБЕ,  10 дек — Sputnik. Шабакаи RT нахустин бор 10 декабри соли 2005 аз як студия дар Маскав пахш шуд. Дар тӯли 15 соли фаъолият RT, ки феълан дар шакли телевизион ва онлайн бо шаш забон дастрас аст, ба яке аз маъруфтарин шабакаҳои байналмилалии ҷаҳон табдил ёфт. 

Ин шабака аз ҷониби ҳакамони Ҷоизаи Байналмилалии Эмми ва шахсиятҳои маъруфи замон, аз ҷумла Амир Кустуритса, Роҷер Уотерс ва Оливер Стоун эътироф шудааст.

"Мо 15 - сола шудем. Хадамоти ҷаҳон, нафасатонро бароред. Дар рӯзи зодрӯз мо ваъда медиҳем, ки ба чизе дахолат намекунем", - гуфт сармуҳаррири RT Маргарита Симонян.

Дар рӯзи 15 - солагии худ RT навореро таҳти унвони "Таҳдиди сабз", ки бо услуби филмҳои таълимии мудофиаи шаҳрвандии Амрико дар даврони Ҷанги Сард таҳия шудааст, пахш кард. Навори кинояомез нақл мекунад, ки чӣ гуна бояд худро аз мавҷҳои RT муҳофизат кард. Дар остонаи солгарди худ, RT инчунин навореро нашр кард, ки дар он бо истифода аз технологияи "дипфейк", нишон дод, ки чӣ гуна пешвоёни ҷаҳон "шефта" - и шабакаи телевизионии Русия ҳастанд.

Шабакаи RT - ро ҳар ҳафта 100 млн одам дар 47 кишвари ҷаҳон (таҳлилҳои ширкати байналмилалии IPSOS) тамошо мекунад. RT нахустин шабакаи телевизионӣ пурхонандатарин дар шабакаи Youtube шуд ва дар ин росто аз BBC, CNN, Al Jazeera, Euronews, FOX News пеш гузашт.

Лавров заступился за Sputnik и RT - Sputnik Тоҷикистон
Ҳимояти Лавров аз RT ва Sputnik - видео

Дар давоми 15 - соли фаъолияти шабакаи RT бо президентҳо ва шахсони аввал мусоҳиба сабт кардааст. Ҳамин тавр шабака бо кишвардорони Русия, Сербия, Словения, сурия, Боливия, Венесуэлла, Аргентина, Эквадор ва дигар кишварҳо мусоҳиба оростааст. Дар RT шоуи эксклюзивӣ бо журналисти машҳури телевизион  - Ларри Кинг, барномаҳои дорандаи Ҷоизаи Пулитсер - Крис Хеджес, президенти собиқи Эквадор Рафаэл Корреа ва собиқ сарвазири Штландия Алекс Салмонд нашр мешаванд.

RT ғолиби нӯҳкаратаи бонуфузтарини ҷоизаи телевизионии ҷаҳон Emmy мебошад. RT дар ҷашнвораи телевизионии Монте Карло дар бахши "Беҳтарин барномаи хабарии 24-соатӣ" тилло ба даст овард. Дар маҷмӯъ, шабака дар соҳаи медиа ва телевизион садҳо ҷоизаҳои байналмилалиро соҳиб шудааст.

Беҳтарин тележурналист Ларри Кинг: "RT - ро дар сраосари дунё тамошо мекунанд, яъне мо ҳамдигарро ёфтем".

Коргардони сербиягӣ Эмир Кустуритса: "Шабакаи телевизионии RT - намунаи хуби чӣ гуна будани телевизион аст дар қиёс бо BBC ва CNN, ки хабарҳоро якҷониба пахш мекунанд".

Манъи пахши RT: Ғарб чӣ тавр алайҳи Русия мубориза мебарад

Асосгузори Pink Floyd Роджер Уотерс: "Дар саросари ҷаҳон шабакаҳои муғризона вуҷуд дорад ва сабабаш гуногун аст. Бо хушнудӣ метавонам бигӯям, ки аксари хабарҳоро ман аз RT дастрас мекунам".

Коргардони амрикоӣ Оливер Стоун: "Ман танҳо ахбори шабакаи RT - ро тамошо мекунам. Ман дар қиёс бо шабакаҳои Амрикои Шимолӣ, ки таблиғоти холӣ аст, ба ин шабака бештар эътимод дорам".

Нависандаи шотландӣ Ирвин Уэлш: "RT одилона ба мутаассибии BBC ишора мекунад. Маълум аст, ки "телевизиони ҷамъиятӣ" - и мо ғарқи фасод аст ва барои ҳамин якыониба аст. Чӣ гуна маълумот, ахбор ва фароғат?! Барои ҳамин сафсата шумо маблағ пардохт мекунед".

Лентаи хабарҳо
0