Ҳимояти Лавров аз RT ва Sputnik - видео

Обуна шудан
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба ҳимоят аз расонаҳои давлатии Russia Today ва Sputnik хостори густариши ҳузури Русия дар майдонҳои байналмилалӣ шуд

Лавров зимни суханронияш дар анҷумани маърифатии ҷавонон зери унвони "Қаламрави маъниҳо" гуфт, Русия бояд ҳузурашро дар майдонҳои байналмилалӣ густариш диҳад.

Акция в поддержку Кирилла Вышинского - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиш ба ҷонибдорӣ аз Вишинский дар Маскав зери шиори ҳақиқат хиёнат нест

"Фикр мекунам адолат дар тарафи мост. Танҳо зарур аст, ки фаъолона аз он ҳимоят кунему аз нигоҳи шумора ҳузурро дар саҳнаҳои байналмилалӣ афзоиш диҳем. Феълан мо аз нигоҳи теъдод бой дода истодаем", - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.

Ӯ таъкид намуд, ки дар бахши расонаҳо фақат Russia Today ва Sputnik ҳамагӣ ду адад вазъиятеро фароҳам намудаанд, ки онҳоро таҳдиди асосӣ ба афкори омма дар Ғарб унвон кардаанд.

Лавров ҳодисаи ахир дар Лондонро зикр намуд, ки ба гуфтаи ӯ ба конфронси байналмилалӣ дар бораи озодии расонаҳо, намояндагони RT ва  Sputnik – ро даъват накарданд. Баргузоркунандагон ба гуфтаи Лавров изҳор доштаанд, ки ин ду расона не, балки воситаи пропоганда мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0