Мувофиқаи дуҷониба: Чин мутахассисонашро ҳар чӣ зуд ба Тоҷикистон мефиристад

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкКитайский рабочий. Архивное фото
Китайский рабочий. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз Чин хост, ки мутахассисонашро барои иҷрои лоиҳаҳои миёни ду кишвар зудтар фиристад

ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ин мавзуъ дар ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин матраҳ шудааст.

Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисон дар Чин монданд: вазири нақлиёт аз халали коронавирус гуфт

Дар ин ҷаласа, ки 8 декабри соли 2020 бо ҳамраисии Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Юй Сзянхуа, муовини вазири савдои Чин ба таври видеоконфронс баргузор шудааст, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

“Аз ҷумла ҷониби Чин мутахассисони дигари худро ҳарчӣ зудтар барои таъмини кори саривақтии сохтмони "Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", инчунин таҷдиди роҳҳои дохили шаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб - Мӯъминобод равона менамояд. Инчунин аҳамияти таҷдиди кори "Ширкати истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Хитой" ба миён гузошта шуд”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Сохтмони бинои Ҳукумату Парлумон рӯзҳои наздик сар мешавад: Кумита гуфт дар се сол месозем

Дар ҳамин ҳол, бино ба ин манбаъ, ҷониби Чин иттилоъ додааст, ки аллакай зиёда аз 1000 мутахассиси ин кишвар дар кори лоиҳаҳои миёни ду кишвар ба Тоҷикистон ҷалб шуда, фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Строитель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бинои парлумон ва роҳ месозанд: Тоҷикистон интизори коргарони чинӣ аст

“Ҳамзамон ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, амиқгардонии шарикӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноатикунонии кишвар, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди инфрасохтори логистикию содиротӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, ташкили паркҳои технологӣ ва ғайра бо ҷалби сармояи Хитой дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бино ба ин манбаъ, барои созишномаҳои техникии солҳои 2018 - 2019 аз сӯи Чин барои рушди инфросохтори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 1 миллиарду 700 миллион юан, муодили 225 миллион доллар, маблағ ҷалб шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Чин пас аз Русияву Қазоқистон сеюмин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад ва дар соли 2019 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин 660,9 млн. долларро бо вазни хоси 14,6 % дар гардиши савдои хориҷӣ ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0