ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Барои сохтмони бинои парлумон ва бинои ҳукумат ба наздикӣ 250 мутахассиси чинӣ ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора масъулин дар рафти нишати матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва садои Тоҷикистон дар Душанбе хабар доданд.
Манбаъ таъкид кард, ки интизор меравад кор дар ин самт бо ширкатҳои чинӣ, ки бино бар пандемия ба ақиб рафт, тирамоҳ идома меёбад.
Ба тарҳи сохтмон бунёди бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумат дар Душанбе, амалӣ кардани давраи севуми тарҳи таъмир ва таҷдиди роҳҳои дохили кишвар дар шаҳри Бохар ва ноҳияҳои Кӯлоб дохил мешаванд.
Афзун бар ин, мутахассисони чинӣ ба таъмир ва таҷдиди қисме аз шоҳроҳи Кӯлоб-Мӯъминобод оғоз карда, ба сохтмони қисми дувуми роҳи Душанбе-Кулма дар минтақаи Қалъаи Хумб - Ванҷ омодагӣ мебинанд.
Раисҷумҳур ва нахуствазири Чин ба сохтмони бинои парлумон дар Душанбе санги асос гузошанд
Ба иттилои манбаъ, Чин мутахассисонашро аллакай аввали моҳи август равон мекунад. Коргарон ба Тоҷикистон тариқи парвозҳои махсус ворид мешаванд.
Ёдрас мешавем, пештар раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода низ хабар дода буд, ки сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумат ба наздикӣ оғоз мешавад.
Бино бар тавофуқи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Чин 80 дар сади сохтмончиён бояд сокинони маҳаллӣ бошанд ва арзиши лоиҳа 1,5 миллиард юанро ташкил медиҳад.