Собиқ ноиби раиси "ФМС" дар бораи иҷозати вуруди муҳоҷирон: бояд мушкиле набошад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЭкс-замдиректора ФМС РФ, специалист по миграционному законодательству Вячеслав Поставнин, архивное фото
Экс-замдиректора ФМС РФ, специалист по миграционному законодательству Вячеслав Поставнин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вячеслав Поставнин, собиқ ноиби раиси Хадамоти федералии муҳоҷират, “ФМС”-и Русия пешниҳоди Палатаи савдо ва саноат барои иҷозати вуруди муҳоҷирон ба кишварро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Поставнин зикр кард, ки дар пайи пандемия бисёре аз муҳоҷирони меҳнатӣ қаламрави Русияро тарк карданд ва иқтисодиёти кишвар дучори мушкил гардид.

Курьерская доставка еды в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Музду мизоҷ зиёд: чӣ гуна пандемия харидрасониро дар сархати корҳо қарор дод?

Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия набояд мушкил эҷод карда шавад.

“Мешавад ташхисҳои фавриро ташкил кард, ки натиҷаҳо зуд маълум мешаванд. Яъне зарурат ба риояи қарантинаи тӯлонӣ намемонад”, - таъкид намуд Поставнин.

Дар баробари ин, ӯ таъкид намуд, ки бояд низоми ҷудо кардани муҳоҷирони баландихтисос аз миёни муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ мушаххас карда шавад.

“Имрӯзҳо ин калонтарин мушкилот дар сиёсати умури муҳоҷирати Русия мебошад”, - илова намуд собиқ ноиби раиси “ФМС”.

Ин дар ҳолест, ки роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия, Сергей Катирин аз сарвазир Михаил Мишустин хостааст, барои вуруди муҳоҷирони меҳнатии баландихтисос ва оилаҳои онҳо иҷозат дода шавад.

Катирин дар номаи худ норасоии нерӯи корӣ дар бахши сохтмонро алоҳида қайд кардааст. Барои танзими масъала, роҳбари Палатаи савдо ва саноат пешниҳод намудааст, ки бо қарори алоҳидаи ҳукумат тартиби вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бо шарти назорати ширкатҳо ва меъёрҳои амнияти санитарию эпидемиологӣ танзим карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0