Музду мизоҷ зиёд: чӣ гуна пандемия харидрасониро дар сархати корҳо қарор дод?

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкКурьерская доставка еды в Москве
Курьерская доставка еды в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол кори харидрасонҳо ё худ пайк аз ҳарвақта дида ҷолибтар шудааст. Он як навъи наҷот аз гӯшанишинии ҳатмӣ ва баҳонае барои машқи бадан буда, қабули довталабон осон бидуни талаби малакаҳои махсус сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik, Дмитрий Матвеев. Дар пасманзари пандемияи коронавирусӣ ва режими худидоракунӣ, кори харидрасонҳо талабот пайдо кард ва ҳатто то андозае мӯътабар гардид. Дар моҳҳои душвортарин, сарфи назар аз беморӣ, харидрасонҳо тавассути ҷодаҳои холӣ ба мардум маҳсулот мерасонданд.

Худи хидматрасонӣ ва қабули фармоишҳо низ тавассути интернет хеле беҳтар шуд. Ширкатҳои нав пайдо шуданд, низоми мукофотпулӣ барои муштариён нав карда шуд. На танҳо талабот ба харидрасонҳо афзоиш ёфт, балки маошашон низ зиёд шуд.

Sputnik Тоҷикистон маълум кард, ки дар шаш моҳи охир дар бозори харидрасонӣ чӣ тағйирот рух доданд.  

Харидрасонӣ маъмул шуд

Дар ҳамаи муассисаҳои қаламрави Русия раванди тақрибан шабеҳ ба мушоҳида расид: аз ҷумла моҳҳои март-апрел-май шумораи ҷойҳои холии харидрасонҳо якбора коҳиш ёфт. Сабаб маълум аст - бинобар афзоиши шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус, мақомот давраи қарантинию хонашинӣ эълон кардан. Соҳибкорон дар ниҳоят маҷбур буданд корашонро таҷдиди назар намоянду бархе кормандонро ихтисор кунанд ва аксарияти аҳолӣ аз тарси гирифтор шудан ба коронавирус хонашиниро авлотар донист.

© Sputnik / © SputnikТамоюли эълонҳои кор барои харидрасонҳо
Музду мизоҷ зиёд: чӣ гуна пандемия харидрасониро дар сархати корҳо қарор дод? - Sputnik Тоҷикистон
Тамоюли эълонҳои кор барои харидрасонҳо

То моҳи июл вазъ баръакс шуд. Бисёриҳо аз нишастан дар хона хаста шуданд, тарс ба хастагӣ табдил шуд, хоҳиши варзиши ҷисмонӣ, хусусан дар ҳавои хуби тобистон пайдо гардид. Донишҷӯёне, ки ба таътил фиристода шудаанд ва шаҳрвандоне, ки бекор мондаанд, ба харидрасонӣ пардохтанд.  Худи соҳибкорон тавонистанд худро ба шароит мутобиқ кунанд ва ба ҷалби харидрасонҳо шурӯъ карданд. Лағви маҳдудиятҳое низ, ки дар баҳор ҷорӣ шуда буданд, нақш гузошт.

Пандемия COVID-19: как обстоят дела в странах ближнего зарубежья - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар тирамоҳ: чӣ гуна кишварҳои ИДМ алайҳи ин маризӣ мубориза мебаранд

Мувофиқи маълумоти пойгоҳи кории hh.ru,  дар моҳи июн, корфармоён дар Маскав 648 дархости кор ва дар моҳи июл – 734 дархост кушодаанд. Афзоиши якбора дар моҳҳои сентябр ва октябр ба қайд гирифта шуд, ки дар он ҷо беш аз ҳазор ҷойҳои корӣ - мутаносибан 1093 ва 1694 ҷой пешниҳод шуданд.  

"Дар Санкт-Петербург дар моҳи сентябр шумораи ҷойҳои кории холӣ нисбат ба соли 2019 48% ва  дар моҳи октябр - 25% зиёд шуд. Шумори бештари пешниҳодҳои кор аз меҳмонхона ва тарабхонаҳо буданд, дар ҷои дуюм пешниҳодҳо аз чаканафурӯшӣ ва сеюм - корфармоён аз соҳаи нақлиёт ва логистика буданд. Афзоиши қобили мулоҳиза дар бахши тиҷорати меҳмонхонаҳо,  тарабхонаҳо ва сайёҳӣ ба қайд гирифта шуд", - шарҳ дод мудири шӯъбаи бозоршиносии hh.ru,  Екатерина Скляренко.

Ин оморро пойгоҳи “Авито Работа” тасдиқ мекунад. Дар тирамоҳ талабот ба харидрасонҳо нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта се маротиба афзудааст. Корфармоён мешитобанд, ки пеш аз мавҷи дуввуми маҳдудиятҳо даромад гиранд. Дар баробари ин ба наздикӣ Соли нав фаро мерасад, мавсими гарми харидуфурӯш мебошад.

© Sputnik / © SputnikСоҳаи ширкатҳое, ки эълонҳоро нашр намудаанд
Музду мизоҷ зиёд: чӣ гуна пандемия харидрасониро дар сархати корҳо қарор дод? - Sputnik Тоҷикистон
Соҳаи ширкатҳое, ки эълонҳоро нашр намудаанд

Дар моҳи ноябр шумораи ҷойҳои кории холӣ якбора афзуд. Дархост барои харидрасонҳо, аз ҷумла ронандагони бахши харидрасонӣ, аллакай аз нишондодҳои моҳи октябр 53% зиёдтар аст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 афзоиш боз ҳам назаррас - 150% мебошад.  

Женщина в таджикском национальном костюме и маске - Sputnik Тоҷикистон
ТУТ: пӯшидани ниқоб дар Осиёи Марказӣ  ҷони беш аз 200 ҳазор нафарро наҷот медиҳад

Дар моҳи ноябр шумораи зиёди ҷойҳои кории холӣ аз ширкатҳои бахши "Чаканафурӯшӣ" ва "Меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, хӯроки умумӣ" (ҳар кадоме 24%-ӣ) буданд. Дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми пешниҳодҳои кор аз ин корфармоён мутаносибан чор ва панҷ баробар афзудааст.

Ҷойи дуюмро аз рӯи талабот ба харидрасонҳо дар моҳи ноябри соли 2020 бахши IT ва ширкатҳои соҳаи нақлиёту ва логистика (ҳар кадоме 13%) мегиранд. Боз 12% ҷойҳои холии пешниҳодкардаи корфармоён,  ба истеҳсолкунандагони таҷҳизоти саноатӣ, мошинҳо, дастгоҳҳо ва ҷузъҳо рост меояд.

Бештар ба харидрасонҳо ширкатҳое ниёз доштанд, ки ба хизматрасониҳои тиҷоратӣ (1395 ҷойҳои кории холӣ дар моҳи март), савдои чакана (1013 дар моҳи октябр), технологияҳои иттилоотӣ (724 дар моҳи сентябр), хӯроки умумӣ (дар моҳи октябр 641) ва нақлиёт (623 дар моҳи октябр) машғул мебошанд.

© Sputnik / © SputnikТамоюли музди пешниҳодшаванда
Музду мизоҷ зиёд: чӣ гуна пандемия харидрасониро дар сархати корҳо қарор дод? - Sputnik Тоҷикистон
Тамоюли музди пешниҳодшаванда

Маоши харидрасонҳо дар Маскаву Санкт-Петербург зиёд шуд

Дар моҳҳои охир интизориҳои кормандони ғайритахассусӣ аз маош дар хадамоти харидрасонӣ ба таври назаррас тағйир наёфтанд, аммо пешниҳоди музд афзоиш ёфт. Масалан, дар Маскав афзоиш ба ҳисоби миёна 20% аз 35,000 то 50,000 рубл, дар пойтахти шимолӣ каме камтар  ҳудуди 15-18% -ро ташкил дод.

Женщины на набережной Сены в Париже - Sputnik Тоҷикистон
"Дар хона бимонед": Аврупо қарантинро шадидтар мекунад

Барои ғизорасонҳо музди миёнаи меҳнат нисбат ба дигарон каме баландтар пешниҳод шуда буд. Дар Русия даромади чунин коргарон аз 40 то 45 ҳузор рублро ташкил медиҳад. Дар 23%-и ҷойҳои кории холӣ, корфармоён музди меҳнатро беш аз 85 ҳазор рубл нишон доданд. Аммо, то моҳи октябр вазъ каме ба эътидол омад.

Дар моҳи ноябр, 26%-и довталабон қайд кардаанд, ки аз 30 то 45 ҳазор рубл маошро интизоранд, 23% аз 15 то 30 ҳазор ва 18%  аз 45 то 65 ҳазор рублро нишон додаанд.  

Пӯшида нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаҳои хидматрасонӣ, масалан, таксӣ, хадамоти харидрасонӣ, хӯроки умумӣ, меҳмонхона ва тарабхона зиёд кор мекунанд. Аммо, аксари ҷойҳои холии вазифаи харидрасонро дар соли равон шаҳрвандони Русия  (94,243 нфар) банд карданд.  Дар ҷои дуюм муҳоҷирон аз Қирғизистон (1856), сипас Ӯзбекистон (875) ва Тоҷикистон (715 нафар) қарор доранд.

То 83%-и корҷӯён дар ҷустуҷӯи кори доимӣ мебошанд. Аксарияти дархостҳои довталабони кор (76%) ба мардон тааллуқ доранд, қисми зиёди онҳо (44%) аз 18 то 30-сола мебошанд.

© Sputnik / © SputnikДовталабии кори харидрасонӣ, ки апрел - октябри 2019 ва 2020 ироа шудааст
Музду мизоҷ зиёд: чӣ гуна пандемия харидрасониро дар сархати корҳо қарор дод? - Sputnik Тоҷикистон
Довталабии кори харидрасонӣ, ки апрел - октябри 2019 ва 2020 ироа шудааст

Ширкатҳои харидрасонӣ бузургтар шуда, мунтазири кормандони наванд

Дар ширкатҳои харидрасоние, ки дар Маскав ва Санкт-Петербург амал мекунанд, кори қосидон воқеан қадр карда мешавад. Гузашта аз ин, баъзе корфармоён ҳатто мехоҳанд ба кормандон барои даъвати навкорон маблағи иловагӣ пардохт кунанд.

Тавре хадамоти матбуоти Delivery Club ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, охири тирамоҳ ва аввали зимистон дар бозори интиқол ҳамасола талабот ба харидрасонҳо меафзояд ва ин на танҳо ҳангоми пандемия ҷой дорад.

Ҳаёти пайк – курйерҳо дар пандемия чӣ гуна тағйир ёфт - Sputnik Тоҷикистон
Тағйирот дар ҳаёти харидрасонҳо дар Русия

"Дар баробари ин, мо афзоиши довталабони кори ғизорасониро мебинем. Харидрасонӣ ин яке аз воситаҳои дастрастарини гирифтани даромади иловагӣ, ё худ кори нимбастӣ мебошад. Мо шумораи зиёди аризаҳои довталабонро ҷамъ меорем, аз ин рӯ, дар маҷмӯъ, мо вазъи бозори меҳнатро муқаррарӣ арзёбӣ мекунем. Дар баробари ин бояд зикр кард, ки Delivery Club танҳо як қисми супоришҳоро ба харидрасонҳо худ ирсол мекунад, боқимондаи фармоишро харидрасонҳои худи тарабхонаҳо, ки дар шакли “маркетплейс” кор мекунанд, мегиранд”, - гуфтанд дар ширкат.

Мувофиқи маълумоти Yandex.Eda, дар баробари рушди бозори интиқол, талабот ба касби харидрасон ва музди меҳнати онҳо афзоиш меёбад. Имрӯзҳо кори колорасонҳо яке аз роҳҳои сареътарин ба даст овардани пул бидуни халалрасонӣ ба таҳсил ва ҷои кори асосӣ табдил ёфтааст.

"Дар давоми шаш моҳи охир ҳаҷми подош харидрасонҳо - шарикони Yandex.Food афзоиш ёфт. Дар Маскав ва Санкт-Петербург он метавонад дар як ҳафта то 25 ҳазор рублро ташкил диҳад. Онҳое, ки мустақилона кор мекунанд, ҳаррӯза мукофотпулӣ мегиранд инчунин парддохтпулиҳои иловагӣ, аз қабили 10 ҳазор рубл барои харидрасонҳо - шарикони нав ва 10 ҳазор рубл, агар онҳо ба дӯстон тавсия диҳанд ", - шарҳ доданд дар хадамоти матбуот.

Тарабхонаҳо ва ширкатҳои харидрасонӣ

Аммо, на ҳама қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо омодаанд, ки бо ширкатҳои калони ғизорасонӣ ҳамкорӣ кунанд ва ин як қатор сабабҳои қатъӣ дорад. Аз ҷумла фоизи хеле калон, ки барои гирифтани пойгоҳи электронӣ барои фармоиш бояд пардохт карда шавад. Аксар вақт, соҳибони тарабхонаҳо бояд қариб сеяки даромадро - 30% -ро пардохт намоянд.

Юрий Крупнов - Sputnik Тоҷикистон
Крупнов: низоми супоридани имтиҳонҳо барои муҳоҷирон дар Русия шаффофтар мешавад

Даромаднокии мо 20% -ро ташкил медиҳад. Агар мо 30% -ро ба муҳаррики фармоишҳо супорем, маълум аст, ки мо бар зарар кор хоҳем кард. Аз ин рӯ, мо харидрасонҳои худро дорем. Аслан ин ҳамон пешхизматҳое ҳастанд, ки бо анҷоми тобистон корашон камтар мешавад. Ҳамин тариқ, мо як ё ду нафарро ба таври доимӣ дорем. Ҳамин ки фармоиш ворид шуд, онро мегиранду мебаранд", - изҳор дошт соҳиби тарабхона дар Санкт-Петербург, Михаил Фейгелман ба Sputnik Тоҷикистон. Ӯ афзуд, ки то пандемия тақрибан 20 дарсади кормандонашро муҳоҷирон ташкил медоданд.

Тарабхонаҳо ба қадри кофӣ калонанд, бинобар ин на аз ҳисоби изофапулиҳои зиёд, балки аз ҳисоби гардиши зиёд даромад мегиранд.  Ҳамкорӣ бо ширкатҳои ғизорасонӣ ба ин маъност, ки болои ғизо иловапулии калон изофа мегардад, ки ба нафъи соҳибони чунин тарабхонаҳо нест.

"Мо хадамоти ғизорасонии худро дорем”, - гуфт Алексей Фурсов, соҳиби шабакаи тарабхонаҳо дар Санкт-Петербург ва Маскав ба Sputnik Тоҷикистон.

Кори харидрасонӣ: ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ

Ба колорасонӣ ё худ қосидӣ аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама донишҷӯёне машғул мешаванд, ки дар Русия дармонда буданд. Вақте марзҳо дар моҳи март баста шуданд, бисёриҳо тасмим гирифтанд, ки бимонанд, чун барои парвозҳои чартерӣ навбатпойӣ буд, вазъи молиявӣ дар хона низ душвор ва инчунин маълум набуд, ки оё то моҳи сентябр баргаштан метавонанд ё не.

Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо Сафири Фақулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Игор Семёнович Лякин – Фролов - Sputnik Тоҷикистон
Вазири меҳнат бо сафир иҷозаи сафари тоҷикистониён барои кор ба Русияро баррасӣ кард

Алишер дар Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург таҳсил мекунад. Як ҳамватанаш ба ӯ дар ёфтани кори нимрӯза кумак кард. Вай асосан таҷҳизоти электронӣ ва телефонҳоро мерасонд. Ахиран дар байни фармоишҳо, инчунин оксиметрҳо, дасттгоҳ барои чен кардани сатҳи оксиген дар хун ва ҳароратсанҷҳои электронӣ низ зиёданд.

"Ман дар рӯзҳои корӣ аз соати 10-и субҳ кор мекардам. Анҷоми баст ба он вобаста буд, ки фармоиши охиринро кай мерасондам.  Рӯзе аз се - чаҳор то ҳашт ё нӯҳ фармоиш доштам. Мувофиқи он, ман аз 1,5-2 соат то 9 соат кор мекардам, аммо беш аз 7 соат хеле кам мешуд”,  - шарҳ дод ӯ.

Музди меҳнат аз шумораи фармоишҳои супурдашуда вобаста буд, на аз соатҳои корӣ.

"Пардохт барои таҳвили як фармоиш афзоиш наёфт. Аммо маоши ман дар маҷмӯъ ба туфайли он ки ман ба кори нисбатан мӯътадил шурӯъ кардам, зиёд шуд", -гуфт ҷавон.

Винокуров Евгений - Sputnik Тоҷикистон
Винокуров се суди Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди АвруОсиёро гуфт

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ковишҳои геологии ба номи Серго Орҷоникидзе дар охири моҳи октябри соли 2019, вақте ки 18-сола шуд, ба ҳайси пайк ё худ харидрасон ба кор даромад.

"Ман дар замимаи Dostavista сабти ном шуда, ба кор шурӯъ кардам. Танҳо ҳуҷҷатҳоро мебурдам. Ҳоло, бинобар коронавирус, корти иҷтимоии ман муваққатан кор намекунад. Бояд роҳкироро худам пардохт намоям, ки он муфид нест. Бинобар ин муваққатан бас кардам”, - гуфт Азиз.

Ба ақидаи ӯ, кори колорасонҳо бартариҳои зиёд дорад. Аз ҷумла муошират бо муштариён, сайри шаҳр ва албатта ба даст овардани пул. Ростӣ ҳозир даромади иловагӣ мушкил аст, чун колорасонҳо зиёданд ва фармоишҳо низ каманд.

"Мо дар хобгоҳ колорасонҳои зиёде дорем. Онҳо баъзан пас аз дарс ба харидрасонӣ мераванд. Асосан онҳое, ки мошин доранд, дар байни дӯстони ман харидрасонҳои пиёда каманд. Умедворам, ки пас аз анҷоми басти зимистонӣ ва имтиҳонҳо, вақте ки кортҳо фаъол мешаванду  вирус ақибнишинӣ мекунад, ман ба кор бармегардам", - илова намуд ӯ.

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии сохтусозаи асбобҳои фазонавардии Санкт-Петербург, як сол пеш ба ҳайси колорасон кор кардааст. Вай смартфонҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ҳушманд барои хонаҳоро мерасондааст.

Лейтенант полиции проверяет документы у мигрантов - Sputnik Тоҷикистон
Авф то 15 декабр: вазир гуфт, фармони Президенти Русияро ба муҳоҷирон хуб фаҳмонанд

"Фармоиш ҳар қадар зиёд бошад, маош ҳамон қадар зиёдтар хоҳад шуд. Гузашта аз ин, агар амонатро берун аз роҳи ҳалқавӣ бурдан зарур бошад, нархугзории дигар - 25 рубл барои як километр амал мекунад.  Аз баҳор, шумораи фармоишҳо ва маошҳо дар байни колорасонҳо  воқеан афзоиш ёфтааст. Асосан ҳавотозасозҳои KN95, оксиметрҳои набз, смартфонҳо ва термометрҳоро фармоиш медиҳанд", - гуфт Нӯшозар.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дарк кард, ки бо харидрасонӣ пули зиёде ба даст намеорад ва бинобр ин ба мақоми дигар дар ҳамон корхона ба фаъолият оғоз намуду акнун рӯзона дар дафтар ва шомгоҳон ба харидрасонӣ машғул мешавад. Ӯ чанде пеш донишгоҳро хатм намуд, аммо феълан ба Ватан баргаштан наметавонад.

Парвиз соли аввал ба ҳайси колорасон кор мекунад. Пеш аз коронавирус, ӯ дар як шабакаи қаҳвахонаҳои Маскав ба ҳайси пешхизмат кор мекард. Мутаассифона, ҷавонро ихтисор карданд. Ӯ зиёд бекор нанишаст дар ҳамон соҳа монд, аммо акнун ба ҳайси ғизорасон.

"Таҳвили хӯрок нисбат ба таҷҳизот мушкилтар аст. Агар шумо плеерро ним соат дертар расонед, касе аҳамият намедиҳад, аммо  бо хӯрок бояд шитоб кунед, он бояд гарм бошад. Агар шумо дер монед - шумо метавонед баҳои манфӣ гиред. Аммо, албатта, фармоишҳо моҳҳои охир ҳамеша зиёданд”, -  шарҳ дод ӯ.

Рабочие на строительной площадке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳод барои иҷозати вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия

Ба гуфтаи ӯ, дар кори харидрасонӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ як ҷанбаи манфӣ ҷой дорад.

"Моро зуд мебинанд. Агар нафаре бо борхалтаи калон шитоб дорад, пас ба эҳтимоли зиёд вай харидрасон аст. Хусусан вақте ки дар болопӯшҳо тамғаи дурахшон ширкатҳо аст, туъмаи маъмурини мақомоти дохилӣ мешаванд.  Бисёр бачаҳо бо ин роҳ ба даст афтиданд. Барои донишҷӯён роҳат аст, чун ҳуҷҷатҳояшон ҳама дуруст мебошанд. Аммо агар муҳлати сабти ном ва ё патент ба анҷом расида бошад,  шумо метавонед пайи анҷоми фармоиш раведу аслан барнагардед. Хуб аст, ки ҳоло тамдиди ҳуҷҷатҳо тақрибан як сол боз идома дорад, дар ҳоле ки марзҳо бастаанд", - гуфт ӯ.

Дар маҷмуъ муносибат бо харидрасонҳо беҳтар шудааст. Ба ин аз як тараф пандемия ва аз ҷониби дигар рушди соҳа ва дар маҷмуъ хизматрасонӣ мусоидат кардааст.

Лентаи хабарҳо
0