Сафири тоҷик бо раиси корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон мубориза бо COVID-19-ро баррасӣ кард

© МИД РТПосол Таджикистана в Королевстве Саудовская Аравия Акрам Карими встретился с Абдуллой бин Абдель Азиз Аль-Рабиа
Посол Таджикистана в Королевстве Саудовская Аравия Акрам Карими встретился с Абдуллой бин Абдель Азиз Аль-Рабиа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо мақомдорони баландпояи ин кишвар масоили кумаки башардӯстона ва мубориза бо COVID-19-ро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Акрам Каримӣ, сафири тоҷик дар Арабистони Саудӣ бо мушовири Девони подшоҳӣ ва роҳбари Маркази имдодрасонӣ ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон,  доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Рабиа густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо роҳбари Маркази имдоди Шоҳ Салмон  - Sputnik Тоҷикистон
Маркази имдоди Шоҳ Салмон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қаноатманд аст

“Дар вохӯрӣ масъалаҳои авлавиятноки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи умури инсонӣ, аз ҷумла андешидани чораҳои муштарак дар самти мубориза бо ҳамагирии COVID-19 ва раванди татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Номаи Раҳмон унвонии шоҳи нави Арабистони Саудӣ ирсол шуд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак таъкид намуданд.

Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Саудӣ, даргузашт

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонда буданд, ки , ки тибқи он ба 500 нафар ятими тоҷикистонӣ тайи як сол ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ пардохта мешавад.

Таъкид шуда буд, ки 500 ятими кулл, ки дар тарбияи пайвандони худ қарор доранд, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кушониён, Вахш, Левакант, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Норак, Ёвон, Дустӣ, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0