ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Рӯзи 30 декабр Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Сарпарасти умумии Маркази Шоҳ Салмон доир ба кумакҳои фаврӣ ва корҳои башардӯстона доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Рабиъа мулоқот кард.
Зимни мулоқот тарафҳо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо маркази мазкурро баррасӣ намуданд.
Тарафҳо аз ҳамкории мавҷудаи марказ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Тарафҳо таъкид намуданд, ки имкону захираҳои густариши ҳамкорӣ ҳанӯз хеле зиёд аст ва аз имконятҳои мавҷуда аз он ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳои муҳим истифода карда шавад.