ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Абдуллоҳ бин Абдулазиз — подшоҳи 90-солаи Арабистони Саудӣ, ки дар бемористоне дар Риёз бистарӣ буд, даргузаштааст, менависанд расонаҳо.
"Радиои Озодӣ" хабар медиҳад, ки дар пайи марги Абдуллоҳ, бародари ӯ — Амир Салмон, ки тайи ҳафтаҳои охир масъулияти идораи кишварро бар уҳда дошт ва дар мазҳари ом намудор мешуд, подшоҳи Арабистони Саудӣ эълон гардидааст.
Амир Салмони 79-сола, ки саломатии ӯ низ чандон хуб арзёбӣ намешавад, ба унвони подшоҳ ва шоҳзода Муқрин бин Абдулазиз валиаҳди ӯ интихоб шудаанд.
Сар аз соли 2012 Амир Салмон вазири дифоъ буд, то он замон губернатории устони марказии Эр-Риёзро бар уҳда дошт, менависад РИА Новости.
Баъд аз марги шоҳ Абдул Азиз, асосгузори Арабистони Саудӣ дар соли 1953 ҳамакнун беш аз 60 сол аст, ки тахти шоҳи аз дасти ин насл намеуфтад ва аз як фарзандаш ба фарзанди дигараш интиқол меёбад.
Дар моҳи декабр табибон дар ҷисми шоҳ Абдулло пневмания — камхуниро мушоҳида карданд. Баъдан подшоҳ дар беморхона бистарӣ ва таҳти муроқибати табибон қарор гирифт. Дар чаҳор соли охир шоҳ чанд ҷарроҳиро дар сутунмуҳрааш аз сар гузаронида буд.
Шоҳи Арабистон ҳамзамон раиси ҳукумати ин кишвар аст. Меросбари тахт дар ин кишвар муовини аввали шоҳ таъйин шудааст. Раҳбарии вазоратҳои калидии Арабистон дар ихтиёри наздиктарин хешовандони шоҳ, қабл аз ҳама бародарон ва бародарзодагонаш аст.
Арабистони Саудӣ бузургтарин кишвари содиркунандаи нафт ба шумор меравад. Сарқонуни ин кишвар дар асоси китоби муқаддаси Қуръон навишта шудааст.