Ҳушдор аз сардиҳо: чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкМорозное утро
Морозное утро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба далели сардии ҳаво аз 5 то 8 декабри соли равон ба сокинони кишвар чанд тавсия додааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. КҲФ Тоҷикистон хабар додааст, ки тибқи маълумоти Ожонсии ҳавошиносии кишвар, аз 5 то 8 декабри соли 2020 ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 5 ° С хоҳад буд.

Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меғ мефарояд, барфу борон меборад: пешбинии дақиқи ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки барфи тар метавонад сабабгори хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтидани дарахтон, инчунин хароб гаштани сутунҳои сустниҳоди реклом дар кӯчаҳо шавад.

"Дар робита ба тағйири обу ҳаво ва сардиҳои чанд рӯзи ояндаву барфу боронҳо, Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд, инчунин бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, хусусан ҳангоми истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон ҳушёр бошанд",  - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон КҲФ дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд.

Инчунин ин ниҳод аз сокинон даъват кардааст, ки аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0