Меғ мефарояд, барфу борон меборад: пешбинии дақиқи ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрӣ дар назар буда, барфу борон хоҳад борид. Дар минтақаи кӯҳӣ фаромадани меғ (туман) дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии сардии шадид дар Русия

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво  аз 1 дараҷа  хунук то 4 дарача гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа  гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон боз барф мебораду меғ мефарояд

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво абрнок шуда туман мефарояд.

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона  7+9  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0