Александр Хроленко. Буҳрони иқтисодии соли 2020, ки ба пандемияи коронавирус марбут аст, барномаи давлатии рушди силоҳ ва мавқеи Русия дар бозори ҷаҳонии силоҳро осебпазир накард.
Таъминоти артиши Русия дар қиёс бо соли гузашта 11 дарсад афзоиш ёфтанд. Ба мизоҷони хориҷӣ, "Рособоронэкспорт" молҳои таъиноти низомӣ ба андозаи 10 миллиард долларро расонда, бастаи фармоишҳоро дар ҳаҷми 50 миллиард доллар ҳифз намуд. Инчунин созишномаҳои ҷадид ба маблағи 9 миллиард долларро баст.
Бидуни шомилшавӣ ба сабқати мусаллаҳшавӣ, Русия барои таъминоти артишу нерӯҳои баҳрӣ бо таҷҳизоти ҷадид аз соли 2019 беш аз 1,5 триллион рублро сарф мекунад, ки беш аз 70 дарсади он ба намунаҳои нави силсилавӣ равон шудаанд. Тайи як сол артиш беш аз 2300 номӯи силоҳро дастрас кард.
Нерӯҳои баҳрӣ бо 35 киштии зериобию киштиҳои болоиобӣ гирифтанд, танҳо флоти Балтик 6 киштии мушакдорро соҳиб шуд. Ба низоми мудофиаи ҳавоӣ чор маҷмааи полкии низоми мушакии С-400 "Триумф" ва шаш маҷмааи "Пантсир" зам гардид.
Зимни иҷрои барномаи давлатии рушди силоҳ-2020 сатҳи таъминоти артиш ва нерӯҳои баҳрӣ бо силоҳи ҷадид ба 70 фоиз, дар нерӯҳои стратегии ҳастаӣ – 83%, нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонӣ ба 75% расид. Дар маҷмуъ барномаи давлатии рушди силоҳ дар Русия барои солҳои 2011-2020 нахустин барномаи пурра иҷрошуда гардида, силоҳу техникаи ҷадид дар артишро таъмин намуд.
Дар соли ҷадид таъминоти беш аз 3400 номгӯи техникаи ҷангии дигар дар назар аст, ки бо ин таъминоти артиш бо силоҳи ҷадид беш аз 71 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Дар ҳалқаи мушкилот
Дар баробари таҳримоти зиддирусиягӣ ва рақобати носолими “шарикон”-и ғарбӣ, мушкилоти дигари содироти силоҳ аз Русия пандемия шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ камшавии “ковидӣ”-и тиҷорати силоҳ дар соли 2020 дар ҷаҳон 10 дарсад пешгӯӣ мешавад. Силоҳи Русия ҳудуди сеяки бозори ҷаҳонии силоҳро дар бар гирифта, баъди ИМА дар мақоми дуюм қарор дорад.
Иттилоъ дар бораи ҳамкориҳои техникӣ-низомӣ аксаран пӯшида мебошад. Бо вуҷуд маълум аст, ки Русия ва Туркия барои маҷмааи дуюми “ЗРС С-400”, бо Миср барои 500 танки Т-90МС бастаст. Инчунин барои таъминоти фармоишгари хориҷӣ бо чархболҳои Ми-38Т созишнома баста шудааст.
Ҳинд омода аст, 2 миллиард доллари амрикоиро барои ҳавопаймоҳои қиркунандаи Миг-29 ва Су-30 харҷ кунад. Зарфияти баланди содиротиро инчунин ҳавопаймоҳои насли панҷуми Су-57Э, чархболҳои таҷдидшудаи Ми-28НЭ ва чархболҳои киштинишини Ка-52К доранд. Маҷмааи мушакии С-300В4 "Антей-4000", мошинҳои зиреҳпӯши "Армата" низ талаботи зиёд дорад.
Барои дарки дурнамои пешоҳангии Русия бояд зикр кард, ки ҳудуди 45 дарсади силоҳи содиротии Русия марбути ҳавонавардӣ аст. Ҳаҷми ҷаҳонии содироти ҳавопаймоҳои қиркунандаи бисёрсамта дар солҳои 2020-2023 беш аз 110,7 миллиард доллар ва бозори чархболҳои ҷангӣ 65,3 миллиардро ташкил медиҳад.
Технологияҳои муосир дар сафи ҷангӣ
Соли сипаришаванда аз нигоҳи теъдод ( тавлидоти силсилавӣ) ва сифат (татбиқи ҷангӣ) барои силоҳи Русия бобарор буд. Чанд ҷанба ба тартиб зикр мешаванд.
Чархболи муосири бисёрсамтаи зарбазану иктишофӣ, Ка-52 "Аллигатор" дар шароити ҷангӣ дар Сурия санҷида шуд, метавонад лавозимоти то 2,8 тонро бардорад, мушакҳои болдори ба фосилаи то 100 километрро кор барад, ки дар ҷаҳон бемисланд. Дар нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ҳудуди 140 чунин чархбол хидмат мекунанд.
Маҷмааи "Панитсир" бори аввал бо талаби замон соли 2020 ба саҳни киштӣ "қадам" зад.
Суръату тавони хунсо кардани ҳадафҳои ҳавоӣ пайваста такмил дода мешаванд, ҳаҷми ҳадафҳо низ хурдтар мешавад. Истифодаи мушакҳои вазнин барои хунсо кардани дастгоҳҳои парвозкунандаи арзанда аз рӯи хирад нест. Низоми зиддиҳавоӣ дар масири баҳрӣ тамоми дастгоҳҳои парвозкунандаро аз масофаи 20 километр то худи саҳни киштӣ ошкор мекунад.
Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия истифодаи низомии низоми мудофиавии мушакии С-350 "Витяз" дар вилояти Ленинградро оғоз карданд. Ин силоҳ низоми мудофиаи зиддиҳавоиро дар самти стратегии ғарбӣ таҳким мебахшад. Ин дивизион 12 дастгоҳ дорад, ки дар ҳар кадоми онҳо 12 мушак насб шудааст.
Дар маҷмуъ 1728 мушак омодаанд, зуд ва дақиқ тариқи автоматӣ ҳадафҳои ҳавоӣ дар масофаи 120 километр дар баландии то 30 километрро нобуд созанд. Санҷиши низоми мушакӣ-зенитии С-500 "Прометей" низ дар ҳоли анҷомёбист, ки зимни он мушак ҳадафро дар масофаи рекордии то 553 километр нобуд кард.
Дар самти Баҳри Сиёҳ аз Қрим С-500 назариявӣ метавонад ҳавопаймои қиркунанда ё худ бомбафкани стратегиро болои Бухарест, Анқара ва ё Киев нобуд созад, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо масофа камтар аз 550 километрро ташкил хоҳад дод.
Нерӯҳои баҳрии Русия соли 2020 бори аввал тайи 28 соли охир якбора 6 киштии зериобиро қабул мекунанд: чор ҳастаии навъи 955А ва 885М ва ду лоиҳаи дизелӣ-барқии навъи 636.3 и 677.
Даҳ крейсери зериобии стратегии насли чорум – се "Борей" ва 7 "Бореев-А"-ро мегиранд, ки сегонаи асосии ҳастаии Русия дар баҳр тайи даҳсолаҳои наздик хоҳанд шуд. Онҳо на кам аз 160 мушаки "Булава" ва масофаи амали 8 ҳазор километрро дар бар хоҳанд гирифт. Русия бо сароҳат нерӯҳои баҳрии зериобиро таъсис дода истодааст, ки метавонанд манофеи кишварро дар ҳар нуқтаи уқёнуси ҷаҳонӣ ҳифз намоянд.
Инчунин тавлиди силсилавии ҳавопаймоҳои қиркунандаи насли панҷум Су-57 роҳандозӣ гардид. Ин ҳавопаймои ҷадид метавонад ҳадафҳои заминию ҳавоӣ ба масофаи то 400 километрро ошкор кунад ва ҳамзамон то 62 ҳадафро ҳамроҳӣ намояд.
Дар навбати аввал 76 ҳавопаймо барои Вазорати дифои Русия ва дар оянда се полки ҳавоии Су-57 рушди устувори тавонмандиҳои низомии нерӯҳои ҳавоӣ – кайҳонии Русияро таъмин хоҳад кард.
Озмоиши ниҳоии мушаки вазнини фароқитъавии "Сармат" низ анҷом ёфт, ки метавонад аз болои ду қутби сайёра парвоз кунад. Фарқияти асосии ин мушаки балистикӣ дар он аст, ки метавонад якҷоя бо блокҳои фаросавтии навъи Ю-71 ба ҳайси силоҳи ғайриҳастаии дорои дақиқияти баланд истифода шавад.
Бо суръати 15 Max дар ҳаво(7 км/сония) энергияи кинетикии блок хисороти монанд ба зарбаи ҳастаиро таъмин мекунад, аммо хисороти радиоактивӣ ба муҳит намеорад. Бартарияти дигар дар он аст, ки метавонад масири парвозро бозбинӣ кунад ва аз масофаи ҳазорҳо километр дақиқ ба ҳадаф расад.
Санҷиши дастгоҳи умқнаварди "Посейдон" бо дастгоҳои барқии ҳастаӣ тасдиқ кард, ки он метавонад бидуни ронанда ба масофаи бемаҳдуд шино намояд. Ин дастгоҳи фароқитъавии стратегӣ дар чуқурии 1000-метрӣ метавонад масофаи то 10 ҳазор километрро бо суръати 185 километр дар як соат тай намояд.
Ин дастгоҳи 24-метрӣ метавонад бо силоҳҳои одӣ ё ҳастаӣ муҷаҳҳаз гардад, ки барои нобудсозии киштиҳои бузурги ҳавопаймобару пойгоҳи киштиҳои зериобӣ, инфрасохтори соҳилӣ пешбинӣ шудааст.
Русия инчунин озмоиши мушаки фаросавтии "Сиркон"-ро анҷом дода истодааст, ки монандаш дар ягон кишвари дунё нест. Ин мушак, ки моҳи октябр аз саҳни "Адмирали флоти Иттиҳоди Шӯравӣ Горшков" дар Баҳри сафед давоми 4,5 дақиқа ҳадаф дар Баҳри Баренс дар масофаи 450 километрро нобуд карда, устувории сарҳадоти арктикии Русияро тасдиқ кард.
Суръати парвоз аз 8 Мах бештар шуда, баландии ниҳоии парвоз 28 километрро ташкил дод. Тибқи лоиҳа суръати то 9 Мах, беш аз 10789 км/соат ва масофаи парвоз то 1000 километр пешбинӣ шудааст.
Дар Вазорати дифои Русия тасмим гирифтаанд, ки артишро бо роботҳои безараргардонии минаҳо "Уран-6" таъмин намоянд. Маҷмааи безараргардонӣ, барои тозасозии ҳудуд аз минаҳо кушодани роҳ тариқи майдонҳои мина пешбинӣ шуда, қаблан дар Сурия мавриди санҷиш қарор гирифтааст.