ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Қарабоғи Кӯҳиро баргашта ба ҳайъати Русия ворид кардан лозим, изҳор дошт, раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский дар нишасти Думаи давлатӣ.
Раиси ҳизб чанд роҳи ҳаллии ин қазия ва манъи даргириҳои миёни Озарбойҷон ва Арманистонро пешниҳод кард. Аз ҷумла ӯ пешниҳод кард, ки ин минтақа ба ҳайъати Русия ворид шавад.
"Ман дарҳол мегӯям, чӣ кор бояд кард. Роҳи аввал - ворид шудани Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия чун воҳиди мустақили маъмурӣ. Яъне 86-ум. Он замон ҳам озарбойҷониҳо ва ҳам арманиҳо ором мешаванд - на ба инҳо ва на ба онҳо. Розӣ нестед? Он замон ҳама якҷо ба ҳайъати Русия - ҳам Арманистон ва Озарбойҷон ва ҳам Қарабоғи Кӯҳӣ", - гуфт Жириновский.
Ҳамчунин раҳбари ҲЛДР роҳи шоҳӣ пешниҳод кард, вақте подшоҳ ба тарафҳо силоҳ тақсим мекунад ва пас аз хотимаи ҷанг зиндагии осоишта оғоз мешавад.
Идомаи даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ
Жириновский варианти ба Қарабоғи Кӯҳӣ додани мақоми байналмилалиро низ баррасӣ мекунад.
Жириновский варианти ба Қарабоғи Кӯҳӣ додани мақоми байналмилалиро низ баррасӣ дорад.
Дар акси ҳол, ҷанги абадӣ хоҳад шуд ва метавонад бо фалокат хотима ёбад. Сарбандро тарконда, шаҳрҳоро зери об хоҳанд гузошт. Дар ҷое нерӯгоҳи ҳастаӣ - Чернобил месозанд. Ин хеле душвор аст!" - хулоса кард ӯ.