Дар Қазоқистон боз як мушак ба кор андохта шуд, ки ба ҳайати низоми мудофиаи зиддимушакии Русия дохил мешавад.
Озмоиши мушак дар пойгоҳи Сари-Шаган сурат гирифтааст. Дар назди экипажҳои ҷангӣ вазифа меистод, ки ба душмани шартӣ бо дақиқии додашуда зарба зананд.
Дар навор аз овардани он дар автомобили махсус сар карда, то рафти насби мушак нишон дода мешавад.
Сипас мутахассисон онро ба чоҳ ҷой медиҳанд. Худи ба кор андохтани мушак аз нуқтаҳои гуногун ба навор гирифта шудааст. Дида мешавад, ки чигуна мушак ба ҳаво мехезад тез дар масири амудӣ ҳаракат мекунад.
Сар додани зиддимушакӣ бо муваффақият анҷом меёбад - он хусусиятҳои худро тасдиқ мекунад ва ба ҳадафи таъйиншуда мерасад.
Пештар дар ҳамин пойгоҳ озмоиши дигареро моҳи октябри ҳамин сол анҷом дода буданд. Зиддимушакиро ҳам моҳи июн ва ҳам моҳи июли соли 2019 ва ҳамчунин солҳои 2017 ва 2018 санҷида буданд.
Ёдрас мешавем, ки система бо нерӯҳои фазонавардӣ дар хизмат аст. Онро барои ҳимоя аз зарбаҳои силоҳҳои ҳамлаи ҳавоӣ истифода мебаранд.