Посухи сафири Русия ба изҳороти ИМА бобати мушаки фаросавтӣ дар Аврупо

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра обороны РФ Анатолий Антонов. Архивное фото
Заместитель министра обороны РФ Анатолий Антонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Федератсияи Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов аз сабқати силоҳи мушакӣ дар Аврупо ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дипломат ба изҳороти мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О'Брайен, ки рӯзи чаҳоршанбе омодагии Вашингтон барои дар қаламрави Аврупо ҷойгир кардани силоҳи фаросавтӣ ва мушакҳои баллистикиро эълон кард, чунин посух дод.

"Чунин ниятҳо хатари барҳам задани амнияти минтақавию ҷаҳониро дар бар дошта, боиси шиддати мухолифатҳо мегарданд. Агар Вашингтон воқеан ҳавасманди "назорати амалии аслиҳа" мебошад, барои ин зарур нест, сабқати мусаллаҳсозӣ бо мушакҳо дар қитъаи Аврупо шиддат бахшида шавад", - изҳор дошт Антонов зимни шарҳаш, ки сафорат дар саҳифааш дар фейсбук нашр кардааст.

Антонов пешниҳоди кишвардори Русия Владимир Путинро бобати кам кардани шиддат дар шароити қатъи Шартнома дар бораи рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвозро "алтернативаи созанда" хонд. 

Эксклюзив: пуск новой противоракеты системы ПРО на полигоне Сары-Шаган - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Навори нодири партоби мушаки зиддимушакӣ дар Қазоқистон

"Русия омода аст дар ҳамдастӣ бо шарикони хориҷӣ, ба сабқати силоҳи мушакӣ дар Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон, хотима гузорад", - изҳор дошт Антонов.

Шартнома дар бораи рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвоз ба таъмини суботи стратегии ҷаҳон равона гардида буд. Моҳи августи соли 2019 Амрико аз ин созишнома берун омад. ИМА Русияро дар нақзи созишнома, аз ҷумла озмоиши мушаки манъшудаи 9М729 муттаҳам намуд. Аммо Маскав исрор варзид, ки мушаки онҳо на дуртар аз 500 киломметр озмоиш шуд.

Ба қаламрави мо мушак напартоед: Ҳушдори дигарбораи Эрон ба Озарбойҷону Арманистон

Зимнан, ҳафтаи равон Владимир Путин пешниҳод намуд, ки механизми ҷилавгирӣ аз сабқати мушакӣ таҳия шавад.

Раҳбари Русия гуфт, ки Маскав омода аст мушакҳои 9М729-ро дар қисмати аврупоии кишвар ҷойгир накунад, аммо ба шарте, ки НАТО низ аз чунин иқдом кор бигирад. Вай инчунин пешниҳод кард, ки НАТО маҷмӯаҳои Aegis Ashore бо партобгоҳҳои Mk-41 дар  Аврупо ва 9M729 дар иншооти Калининградро мавриди санҷиш қарор диҳад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон Андреа Сассе посух дод, ки ин ташаббус "сазовори эътимод нест".

Лентаи хабарҳо
0